ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЭҲЁГАРИ ҲУВИЯТ ВА ФАРҲАНГ

Дар толори “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-и Муассисаи  давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Рӯзи Президент – иди миллии мост” барпо гардид.

Дар конфронс кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ва МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” иштирок намуданд. Омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансур Бойматов иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ шодбош гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки дар бунёди ҷомеаи навини кишвари мо, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихи миллат беназир аст. Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи ин сарвари хирадманд давлати Тоҷикистон аз хатари парокандашавӣ эмин монда, истиқлоли худро таҳким бахшид ва имрӯзҳо миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли талош дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ соҳиби давлати ободу озод мебошад.

Баҳром Раҳматов - директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ҳамчунин зикр дошт, ки Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақдири халқу миллат нақши ҳалкунанда гузоштаанд. Натиҷаи ин иҷлосияи таърихӣ самти муросоро муайян намуда, ба майдони сиёсат омадани Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонид.

Баъдан М. Хоҷаева  - мудири шуъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” таҳти мавзӯи “Пешвои миллат-эҳёгари ҳувият ва фарҳанг” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, доир ба фаъолияти ибратомӯзи Президенти Тоҷикистон, фидокорӣ ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон таъкид дошт.

Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 16 –уми  ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Наргисахон  Бузурукова,

китобдори МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh