СУҒД: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ИҶРО ГАРДИД

Бино ба иттилои масъулини Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, ба санаи 16 - уми ноябри соли равон вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро барзиёд, яъне 100,2 фоиз иҷро намуд.

Масъулин мегӯянд, ки дар таъмини нақшаи пешбинишуда, саҳми комиссариатҳои шаҳру навоҳии Бӯстон, Панҷакент, Айнӣ, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Зафаробод зиёд ба назар мерасад. Зеро шаҳру навоҳии номбурда нақшаи худро барзиёд таъмин намуданд, ки боиси пеш аз муҳлат иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соле ду маротиба баргузор гардида, ҷавонони чусту чолокро ба сафи Артиши миллӣ барои ҳимояи марзу буми меҳан ҷалб менамояд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh