Савганди Пешвои миллат савганди мо, ҷавонон

Дар факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президент” баргузор шуд.

Чорабиниро муовини декан оид ба корҳои тарбия оғоз намуда, қайд кард, ки дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзона нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Бақои миллат, пешравии давлат аз роҳбари миллатдӯст, ваҳдатсоз ва ташкилотчӣ вобаста аст. Боиси хушбахтии халқи бузурги тоҷик аст, ки чунин роҳбарро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардааст.

Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Раиси ҷамъияти илмии донишҷӯён Шерозҷон Шарофов доир ба саҳми Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон ибрози андеша намуд.

Мавсуф зикр дошт, ки ғамхории Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон рӯз аз рӯз зиёд гашта, шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову колеҷҳо фароҳам  шудааст. Ҷавонон имкон доранд, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намоянд.

Ҷавонони зодаи Истиқлолият барои ободии диёр ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони муосир аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои рушду нумӯи кишвари хеш кор ва фаъолият намоем.

Сипас, донишҷӯи соли 2-юми ихтисоси биология Шаҳодат Обидова оид ба “Нақши Пешвои миллат дар рушди мамлакат” маърӯза намуд. Ӯ қайд кард, ки дар поёни садаи бистум тоҷикон Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварданд ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Дар ҷумҳурӣ мухолифатҳои дохилӣ рӯи кор омаданду оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Хушбахтона дар чунин лаҳзаҳои мудҳиш марде давлатро ба даст гирифт, ки тамоми сифатҳои хуби инсониро дар худ дошт. Ин мард, албатта, Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Дар анҷоми чорабинӣ муовини декан оид ба корҳои тарбия  Мушарраф Саид бори дигар ҳамагонро ба ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфт.

САИДЗОДА МУШАРРАФ САИД, муовини декан
 оид ба корҳои тарбияи факултети биология ва химияи 
Донишгоҳи давлатии Хуҷаед ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
    ШЕРОЗҶОН ШАРОФОВ
раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет

Add comment


Security code
Refresh