ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Дар зиндагӣ воқеаҳое ба вуқӯъ меоянд, ки инсони солимандеша дар канор ва ё бетараф монда наметавонад.

Терроризм имрӯз ҷаҳониёнро нигарон кардааст. Зеро аз дасти ин ашхос ҳазорҳо инсон қурбон мешаванд. Амали нангини ин идда ҳатарбору марговар аст. Воқеаҳое, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, оинаи ҷаҳоннамо, нишон дода мешавад, дар матбуоти даврӣ мунташир мегардад гувоҳи он аст, ки террорист миллат ва дину оин надорад. Фаъолияти вай барои хизмат ба як табақаи муайян нигаронида шудаст. ҳадафҳои онҳо амалӣ намудани мақсадҳои нопоки хориҷиён аст. Ба гуфтаи хоҷаҳояшон амал карда, ҳамватани худ, мусулмононро ваҳшиёна қатл менамоянд. Дини Ислом ҳеҷ гоҳ бегуноҳ куштани нафаре амр намефармояд. Терроризм аз Ислом нест танҳо як иддае мехоҳанд бо ин амал дини мубини Исломро паст зананд.

Мутаассифона, ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи мо ҳам дида мешавад. Чандин ҳамватанони мо дар кишварҳои араб дар сарсониву саргардонианд. Ҳол он ки бояд ҳар як шаҳрванд дар Ватани худ барои ватансозӣ, обод намудани он кӯшиш намояд! Афсӯс, онон намедонанд, ки дар ин ҷо манфиати дигарон аст.

Ҳамагон нағз медонанд ва дар хотир доранд, ки ҷанги шаҳрвандии кишвар, ки солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омада, бо тарҳрезӣ ва нақшаҳои ғаразноки кӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин ҷанги таҳмилиро бадхоҳони миллат ба сари мардуми Тоҷикистон, ки баъди садсолаҳо соҳиби давлати мустақил гардида буда, маҳз тавассути наҳзатиҳои фурӯхташуда бор карданд.

Дар натиҷа вазъи кишвар нотинҷ гашт ва бесарусомонӣ ба миён омад. Ба иқтисодиёти кишвар зарари калон расид, садҳо ҳазор нафар гуреза шудаанд, кӯдакони бегуноҳ ятим монданд, гуруснагӣ авҷ гирифт, сатҳи беморӣ афзоиш ёфт.

Вақт собит намуд, ки ин ҷанги таҳмилӣ ҳадафи асосӣ ва нияти нопоки ҲНИ буд. Бо вуҷуди авфи гуноҳҳои бар зидди давлату миллат содиркардаашон баъди бастани Созишномаи истиқрори сулҳ пайравони ин ниҳоди зиддимиллӣ боз ҳам ба муқобили миллат бархостанд. Аммо ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ бо дастуру пуштибонӣ ва маблағгузориҳои хочагони хориҷиаш ба давлату миллат хиёнат кард ва ин амали разилонаи онҳоро таърих ҳеҷ гоҳ намебахшад. Ҳақиқат ғалаба кард ва наҳзатиҳои Ватанфӯруш ба хориҷа шармандавор фирор карданд.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз босуръат рушд карда истодааст. Дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои назаррас дида мешавад. Сохтмон ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО «Роғун» нишонаи возеҳи иродаи матин, сарҷамъӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон аст, ки ин ҳама дастовардҳоро душманони миллати тоҷик дидан намехоҳанд.

Дар хориҷи кишвар аъзоёни ТТЭ ҲНИ ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро ташкил намуданд. Ин ташкилот давомдиҳандаи фаъолияти ҲНИ бо номи нав мебошад. Аъзоёни ташкилотҳои зикршуда бо ҳар роҳу усул, бо даъводои беасосу ғаразнок мехоҳанд худро ҳомии миллат нишон дода, обрӯю эътибори кишвари азизи моро паст зананд. Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк кардаанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва «Паймони миллии Тоҷикистон» ғуломон ва бозичаи дасти паноҳдиҳандагони хориҷии худ мебошанд.

Имрӯз аъзои ТТЭ ҲНИ ҳатто байни худ муросо надоранд, мавқеашон гуногун аст ва ба ақидаҳои худ устувор нестанд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ТТЭ ҲНИ бо номи исломи ноб амалҳои ношоистаи худро ба роҳ мемонанд. Аз ин рӯ, дуруст аст, ки  террористӣ будани он собит ва эътирофгардида баста шуд. Барои гумроҳ нагардидани ҷавонон бояд дар макотибҳо ба ин мавзӯъ аҳамияти бештар дода, мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шаванд, ба насли наврас ҳадафҳои нопоки ин тоифа фаҳмонида дода шавад, то ояндаи кишвари мо рӯшану беғубор бошад.

Ниёзов Ҷамшед,
лейтенанти милитсия

Add comment


Security code
Refresh