Нерӯҳои аҳриманмиҷози ТТЭ ҲНИ

Гузаштаи таърихии миллати мо борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайраҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд. Яке аз марҳалаҳои хеле ҳассосу нозук ва дар айни замон тақдирсози миллати мо ин давоми солҳои 90-уми асри сипаришуда мебошад. Бо таназзул ёфтани низоми шӯравии собиқ давлатҳои иттифоқӣ роҳи мустақилияти усули давлатдориро пеш гирифтанд. Дар ин қатор Тоҷикистони мо низ дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти хешро ба даст овард. Расидан ба ин неъмати гаронарзиш таърихан халқи тоҷик ҷафоҳои зиёдеро пушти сар намуд, аммо дар он замон зоҳиран хело осон ба даст омад. Агар дар он айём ба даст овардани истиқлолият осон ба даст оварда шуда бошад, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои сангинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Имрӯзҳо боз ҳастанд афроде, ки нотавонбинию ношукрӣ намуда ҳарфҳои иғвоангезонаашонро ба тариқи баъзе сомонаҳои интернетӣ паҳн мекунанд. Онҳо бо суханони «шаҳду шакарбор»-и худ мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистонро мутақоид бар он кунанд, ки ҳақиқат бо онҳост аз ин рӯ бояд пайравӣ ба онҳо кард. Ин неруҳои аҳриманмиҷоз чун «Аҳриман» зоҳиран суханони мафтункунанда мегӯянд, то мардумро ба доми хеш афкананд. Онҳо ба шахсияти ҳар касе, ки хоҳанд таҳқирро раво мебинанд ва мехоҳанд ин фаҳмиши худро болои мардум бор кунанд. Мардуми Тоҷикистон хушбахтона ҳақиқатро худ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хело хуб фаҳмидааст ва роҳи зиндагии осоиштаро акнун пайдо намудааст, аз ин рӯ фирефтаи пайравони шаётин шуданро барои хеш чун ҷомеаи мутамаддин раво намебинад.

Яке аз чунин ҳарфҳои иғвоангез дар мақолаи  Исломиддин Содиров дар сомонаи “Паём.нет” мебошад, ки аз оғоз то ба охир тафриқаандозӣ, иғвоангезӣ, ба иззати нафс расидан аст.

Эй бетамиз, ту ки ҳасти ки ба шахси маҳбуби халқ чунин суханхои фаҷҷу беасос мегӯӣ. Халқ худ медонад ба кадом шахс овоз дихад ва киро ба мақоми арзандаи президентӣ интихоб намояд. Ба ҷои он ки дар пиронсоли  мардумро насиҳатсозӣ ба муттаҳиди ватандустӣ даъват намоӣ, мехоҳи бо гапҳои беасоси худ ба дили пурмеҳри мардуми заҳматпеша кинаву адоват ҷо намоӣ. Аммо ин амали ту натиҷа намедиҳад.

Муҳиддинов М. – н.и.б. дотсенти кафедраи
маркетинг агробизнеси ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh