Хабарҳои иғвоангезу бардурӯғи “Ахбор” назди ҷомеа таслим мешаванд?

Агар ба таърихи таъмини ҷомеаи ҷаҳонӣ бо иттилоот назар афканем, дар ҳамаи давру замонҳо ва дар аксари давлату миллатҳо барои пурра намудани фазои иттилоотӣ нақши воситаҳои ахбори умум – телевизион, радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо муассир мебошад. То ҳанӯз сокинони аксари кишварҳои сайёра ба ин расонаҳои хабарӣ бовар ва эътимоди қавӣ доштанду доранд. Зеро ҳар кадом мавод бо такя ба сарчашмаҳои расмӣ ва асоснок таҳия, инъикос ва пешкаши хонандагону бинандагон ва шунавандагон мегардад. Аз ин нуқтаи назар, барои бархӯрдор шудан аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисоду иҷтимоиёт ва навидҳои сатҳи ҷаҳониву дохили кишвар мардум ба иттилои расонаҳои хабарӣ майли бештар пайдо намудаанд.

Дар Тоҷикистон низ садҳо рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо дар пур кардани фазои иттилоотӣ хизмат доранд.

Ҳоло ҷойи ин фазои иттилотиро дар асри ХХI бештар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ иваз намуда истодаанд ё ба назари дигар, таваҷҷуҳи ҷомеаро бештар ҷалб сохтааст. Зеро интернет, техникаю технологияҳои муосир ва суръати баланду рушди кайҳонии он ба ҷомеа имконият дода истодааст то ки тавассути навъҳои гуногуни компютер, Notӯӣook, планшет, телефони мобилӣва амсоли инҳо дилхоҳ иттилооту адабиётро ба даст оранд, муоширати озоди минтақавию байналмилалӣ ва тиҷоратро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монанд, ба муассисаҳои таълимии дохилӣ ва ё хориҷӣ ҳуҷҷат супоранд, дохил шаванд, таҳсили илм намоянд, дилхоҳ кишварҳоро барои саёҳат интихоб созанд, мусиқӣ, суруд, филмҳо, дарёфти ҷойи кор ва даҳҳову садҳо маълумотҳои ҷустуҷӯиро дар муддати кӯтоҳ ба даст оранд.

Аммо нуктаи муҳим ин ҷост, ки на ҳар шахс иттилои “дуруст”-ро аз “нодуруст”, “рост”-ро аз “дурӯғ” ва ё аз шубҳанок фарқ гузошта метавонанд. На ҳамаи аъзои ҷомеа аз истифодаи мақсадноки сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ бархӯрдоранд. Зеро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ маводу иттилооти фарох маҳфуз аст, ки онро танҳо саводи расонаӣ метавонад ба саҳҳеҳияти он баҳо диҳад.

Илова ба ин, ба ҳамагон маълум аст, ки 4 сол инҷониб саҳифаи иҷтимоии дар Тоҷикистон мамнуъ эълоншудаи “Ахборком”, ки роҳбараш Мирзо Салимпур буд расман аз фаъолияти худ даст кашид. Зеро фаъолияти он тибқи Қарори Суди Олии мамлакат манъ гардида, бори дигар исбот намуд, ки ташаббускорони ин саҳифа дар шабакаи иҷтимоии facӯӣook ба гуноҳ ва амали пасипардагиашон иқрор шудаанд ва ё аз гумроҳ сохтани мардум даст кашидаанд.

Хулоса, Ахборком ва ҳайати раҳбари он шояд амали нодурусти худро байни хонандагони ин саҳифаи мамнӯъ наметавонад ба пуррагӣ исбот намояд ва сирри аслии онро ифшо намояд. Аз андешаи баёнсохтаи Мирзои Салимпур зери унвони “Изҳорот: Сомонаи “Ахбор” фаъолияташро қатъ мекунад” бӯйи иқроршавӣ ва таслимшавӣ меояд.

Аз ҷониби дигар, падидаи мусбати он дар он зоҳир мегардад, ки мардумро аз иғвову хабарҳои бардуруғ ва ҷиноят нигаҳ хоҳад дошт.

Бобоҷони Хайриддин – дотсент,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh