Раҷаббой Аҳмадзода: ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ - БАЁНГАРИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ ИТТИҲОДУ ҲАМДИЛӢ

Санаи 23 - юми ноябри соли 2020 дар Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ ҳамзамон муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, фаъолон, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоятӣ, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, аҳли илму адаб ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд. Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутантан ворид карда шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Раиси вилояти Суғд, Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, сокинони меҳнатқарин ва сарбаланди вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ табрику таҳният намуда, аз нақши Парчами миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон, бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зад.

 - Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ барои мо хеле азизу муътабар буда, таҷлили Рӯзи Парчам дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ боиси ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст, - зикр дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр доштаанд, ки «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Дар чорабинӣ зикр гардид, ки таърихи рамзҳо, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасот ҳанӯз дар муқаддамтарин ёдгории динӣ - фарҳангӣ ва сарчашмаи нодири таърихӣ, нахустқомуси тамаддуни мардуми ориёӣ - китоби муқаддаси «Авесто» инъикос ёфта, се табақаи иҷтимоии ҳамон давраи ҷомеа - рӯҳониён бо ранги сафед, силоҳиён бо ранги сурх ва кишоварзону ҳунармандон бо ранги сабз ишора шудаанд. Дар осори мутафаккирон, адибон ва донишмандони гузашта таърихи парчам бо нақлу ҳикоёт ва ривоятҳои бисёр ҷолиб инъикос ёфтааст. Баъди ҳазорсолаҳо мардуми сарбаланди тоҷик ба шарофати истиқлоли сиёсӣ соҳиби сарнавишт, соҳиби давлати мустақилу озод ва соҳибихтиёр, соҳиби рамзи муқаддасоти давлатӣ – Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ гардид. Дар маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дар қатори парчамҳои 200 давлати дунё парафшон гаштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор ва сари баланди мардуми кишварамон аст.

Дар мулоқотҳои Пешвои миллат бо Сарони давлатҳои хориҷӣ, дар анҷуманҳои бонуфузи дунё парафшон шудани Парчами миллӣ нишони дӯстӣ ва эҳтироми байни халқҳо бошад, дар қуллаи баландтарини Боми Ҷаҳон парафшонии Парчами миллӣ рамзи сарбаландиву матонат, мардонагӣ ва ҷасорати мардуми кишварамон маҳсуб меёбад. Таърихи навини давлатдории тоҷикон шоҳиди он аст, ки Парчам ва бузургдошти он барои ҳар сокини мамлакат муқаддас буда, ба шарофати партави Парчам мардум бештар муттаҳид ва озими амалҳои нек гардида, ифтихори беназирро аз ҳастии Парчам, ки нишони соҳибистиқлолии давлати мо аст, дар замири худ мепарастанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суханронии хеш аз моҳият ва мақоми Парчам дар таърихи давлатдории миллӣ, бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ андеша ронда, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тартиб додан ва тасдиқи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам бузург ва муҳим арзёбӣ намуд. - Ҳамагон шоҳидем, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва шурӯъ намудан ба тайёр кардани лоиҳаи нави қонуни асосӣ, ҳамзамон кори аз нав тартиб додани рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ибтидо гирифт.

- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро қабул кард ва дар Иҷлосияи таърихии ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ тасдиқ гардид. Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, Пешвои миллат бамаврид зикр намуда буданд, ки Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои муқаддас ва асосии давлат, яъне нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат мебошанд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Боиси ифтихор аст, ки санаи 30-уми августи соли 2011, дар арафаи ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакатамон - шаҳри Душанбе Парчами кишвар, ки яке аз баландтарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, бо баландии 165 метр барафрохта шуд. Моҳи апрели соли 2014 дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ бар пояи баландиаш 55 метр парафшон гардид. Ҳамзамон, Парчами давлатӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳоти кишвар, аз ҷумла дар қаламрави вилоят барафрохта шудаанд, ки аз таҳким ёфтани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба рамзҳову арзишҳои миллӣ ва ойину суннатҳои давлатдории халқамон гувоҳӣ медиҳад. Ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бо афрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ мегарданд. Чунончӣ, дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои бузург – солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ ба дилҳо завқу сурури тоза, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ бахшида, моро ба амалҳои неки созандагӣ ва ободонӣ ҳидоят менамояд. Раиси вилоят ҳамзамон зикр дошт, ки Парчами давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлоламон, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан мебошад.

Аз ин рӯ, қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст. Ҳамзамон, рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, вазъияти мураккаби дар натиҷаи бемории сироятии COVID-19 ба амал омада, моро ҳушдор медиҳанд, ки мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ, рушду таҳкими иқтисодиёт ва солимии ҷомеа таваҷҷуҳи боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.

- Дар ин радиф бо итминони комил изҳор менамоям, ки имрӯзҳо мардуми вилояти Суғд низ чун дигар сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол зери Парчами давлатӣ баҳри устувории Истиқлолияту ҳифзи якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, таҳкими сулҳу субот ва дастовардҳои шоистаи созандагӣ кору фаъолият доранд ва дар ҳама самтҳо омодагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи баланд вусъати тоза мегирад. Мо, парчамбардорони миллатро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар азму талоши худро баҳри татбиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста равона созем, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар суханронии пурмуҳтавои хеш Раиси вилоят ҳамзамон, таъкид дошт, ки сокинони кишвари азизамон, аз ҷумла мардуми сарбаланди вилоят бо ифтихори баланди ватандорӣ алҳол ҷиҳати дар сатҳи баланду бошукӯҳ истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш ва заҳмати дилгармона менамоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли фарҳанги вилоят барномаи рангину пурмазмуни ҳунариро пешкаши иштирокдорон намуданд, ки аз мавзӯъҳои Ватану Истиқлол, ваҳдату созандагӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, ҳаёти осоишта ва рӯзгори ободи мардуми кишвар таҳия гардида буд ва писанди ҳамагон гашт.

Мухтори АБДУЛЛО,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

Add comment


Security code
Refresh