РАМЗИ ИҚБОЛУ ИСТИҚЛОЛ

Дар баробари Нишон, Артиш ва пули миллӣ Дар баробари Нишон, Артиш ва пули миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист.

Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст. Зери Парчам мардони садоқатманд, бебок ва ростқавлу баномус гирд меоянд, барои ҳамзистии осоишта, ҳамоиши неруҳои ақлонӣ, сафарбаркунӣ ба корзор ҷадал менамоянд. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин , эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Парчами миллии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.

Аз файзи Истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчами миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттифоқу сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани ободу соҳибихтиёр мебошад.

Таҷлил шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявист.

Бигзор, Парчами давлатӣ, ки файзи Истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавфишон бошад.

Мубина МАТЛУБЗОДА,
мутахассиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh