Мубориза бо терроризм-амали дастаҷамъона

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Оқибатҳои терроризм яке аз муаммои хатарноке мебошад, ки бо он ҷаҳони муосир рӯбарӯ гаштааст. Ин зуҳурот дар ин ё он сатҳ ба инкишофи ҷамъият ва давлатҳо монеъгӣ ба бор овардааст. Воқеияти замони имрӯз он ҳолате мебошад, ки терроризм пеш аз ҳама хатари зиёд ба бехатарии давлатҳо дорад.

Ташвиши ҷомеаи ҷаҳон аз афзудани амалиёти террористӣ зиёд гардидани қурбониён, махсусан, кӯдакону пиронсолон ва дигар шахсон, инчунин зарарҳои калони моддиву равонӣ арзёбӣ мешавад.

Fояи терроризм ба халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ равона шудааст.

Дар айни замон террористон барои амалӣ гардонидани ғояҳои худ аз афзалиятҳои ғояҳои исломӣ истифода намуда, ба ташвиқу тарғиби мақсадҳои ғаразноки худ мақсадҳои нопок доранд. Омилҳои ташаккулдиҳандаи гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир пеш аз ҳама ин набудани саводу маърифати дурусти динӣ, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ихтилофҳои фикрии ҷомеаҳои мусулмоннишин арзёбӣ мешавад.

Дар маърифату маънавияти динӣ ва фарҳангу арзишҳои воқеии исломӣ ғояҳои ташвиқшаванда умуман ҷой надоранд. Чунин гурӯҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерӯи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд. Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрӯз мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо мубориза барои ҳастӣ мебошад.

Гулнора Валиева,
сокини ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh