Ғафлатзадагони наҳзатӣ, ба худ оед!

Имрӯзҳо мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки мардуми фарҳангпарвари Тоҷикистон  бо ҷидду ҷаҳд ва устуворӣ фазои сулҳу суботро дар кишварамон сулҳу суботро  барпо намуд ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро таъмин намуд, бо заҳмати созандаву бунёдкорона кишварро ободу шукуфон кард.

Лекин, ғафлатзадагон, ба монанди Исломиддин Садирови “тарафдори ТТЭ ҲНИ ва Паймони миллӣ”  пешравиҳои моро нодида мегиранд, рушди кишвар  онҳоро  нороҳату ғамгин  кардааст. Ин зумра, то ҳол бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар амалӣ кардани ҳадафҳои стратегӣ, чун давомдиҳандаи низоми тоталитарӣ баҳо дода,  дар кӯшиши барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ ҳастанд. Ҳар як шарҳу гузориши хаёливу бофтаи онҳо, ки ҳатто шоёни диққати мардум нест, ҳисоботи навбатӣ дар назди хоҷагони хориҷӣ буда, дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн кардани чунин хабарҳои беасос аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо бо сарпарастони худ аз ниятҳои зишт ва  нопоки худ нисбати Тоҷикистон даст накашидаанд.

Магар  чунин  ашхос воқиф нестанд, ки мардуми диёрамон чигуна дар як вазъияти мураккаб ва ноором  давлати  дар вартаи ҳалокат қарор доштаамонро,  соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ҳифз намуд ва бо сарбаландӣ  ба марҳалаи инкишоф ворид сохт.  Ва мардуми кишвар имрӯз ба сӯи ҳаёти осоишта  ва арзанда, ба остонаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо умед қадами устувор мениҳад.

Мо набояд ба сабақҳои таърихии Ватани худ аз нигоҳи ин зумраи бадхоҳон ва хоинони миллат баҳо диҳем. Мақсади онҳо ғайр аз ифротгароӣ, паҳн кардани фитнаю барангехтани низоъ чизи дигаре нест. Ҳаргиз мардуми Тоҷикистонро бо роҳи барангехтани кинаю бадбинӣ дигар ба вартаи ҳалокат партофта наметавонанд! Мардуми Тоҷикистон акнун хуб дарк мекунанд, ки чунин ашхос бо баёну кирдори зишти худ ба сари мардуми мо ба ҷуз аз нооромӣ ягон оқибати хуб намеоранд.

Аз ин рӯ, таҳкими пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо дар самти кору фаъолияти худ зиракии сиёсӣ, масъулияти бузурги созандагиро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, эътибори кишвар дар арсаи  ҷаҳонӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошем ва нагузорем, ки ягон қувва, ягон кӯшиши бадхоҳонаи хоинони миллат бо фиребу найрангҳои сунъии сарпарастони худ  интихоби моро  сӯи  ояндаи дурахшон ва  зиндагии шоистаи мардуми кишварро халалдор созад.

Раҳматулоев А.Э. – профессори  кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh