Ҷавононро зиракии сиёсӣ мебояд

Мушкилоти экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаравоиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва оид ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори оммавӣ (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Экстремизм (ифродгароӣ) амнияти мардумро халалдор месозад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳо ва воситаҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм аст.

Терроризм – ин воситаи амалӣ гардонидании нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ буда, онҳо ниятҳои ғаразноки абарқудратҳоро амалӣ менамоянд ва аз ин мардуми осоишта зарар мебинад. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамона амал намуда,  ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд.

ЗИЁВУДДИНОВ Зиёратшоҳ,  донишҷӯи курси 2,
факултети инноватсия ва телекомуникатсияи
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh