ИФРОТГАРОӢ - ПАДИДАИ ХАТАРАФКАН

Мавзӯи терроризм ва экстремизм яке аз мавзӯъҳои калидие мебошад, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё мардумро бетараф гузошта наметавонад.

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон рӯй медиҳанд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишвари мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешгирии ин падида пайваста чораву тадбирҳои ҷиддӣ меандешад. Татбиқи марҳалаи дуюми “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои давраҳои то соли 2020” аз ҷумлаи чунин иқдомот мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар дар ҳамкорӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид пайваста иқдомҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд. Мо чунин мешуморем, ки сулҳу субот гарави таъмин гардидани рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳаёти сазовору осоиштаи мардум, фароҳам овардани шароити мусоид барои тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва риояву ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҳар як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад.

 Мо-тоҷикон қадри сулҳ ва зарурати ҳифзи онро амиқ дарк мекунем. Мардуми мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ душвориҳои сахту сангинеро паси сар намуданд. Дар натиҷаи ҷанги дохилии таҳмилӣ даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон қурбон шудаанд. Маҳз, бо шарофати истиқрори сулҳу субот дар ҷомеа мо тавонистем, ба рушди бемайлони иҷтимоиву иқтисодӣ, коҳиш додани нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ноил гардем. Миллати тоҷик бо илму маърифат, одобу ахлоқ ва ободкорӣ дар ҷаҳон мавқеи хос дорад.

Имрӯз мо, қатъӣ назар аз маҳалли зист, касбу кор, бояд дар масоили манофеи миллӣ, Ватану ватандорӣ ва масъалаҳои умумибашарӣ ҳамфикр бошем, пеши роҳи ифротгароӣ ва терроризмро гирем. Инсони равшанзамир ҳаргиз ҷонибдори ифротгароӣ нест. Мо тарафдори сулҳ, дӯстӣ ва муҳаббат ҳастем, ки аз шунидани ин калимаҳои зебо пеши назар хандаи тифлону бахти модарон, болафшонии кабӯтарону шукуфтани гулҳо падидор мегарданд.

Ҳар фарди бонангу номуси миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон барои ҳалли ин масъалаи муҳим бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд ва дар татбиқи сиёсати ободгариву созандагии Ҳукумати мамлакат фаъолона ширкат намоянд.

Заррина ТОЛИБОВА,
омӯзгори фанни физикаи муассисаи
таҳсилоти миёнаи умумии №22, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh