ТАҲДИДИ ХАТАРИ ГЛОБАЛӢ

Яке аз мушкилоте, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Дар замони муосир кирдорҳои террористӣ хеле бераҳмона шакл мегиранд. Шумораи гурӯҳҳои муташаккил, мусаллаҳ, устувор ва бо ҳам алоқаманди террористӣ тамоюли зиёдшавӣ доранд. Оид ба терроризм ва моҳияти он дар замони муосир ақидаҳо бисёранд.

Терроризм ин бадбахтии умум буда, ба он мумкин аст, танҳо бо саъю кӯшиши якҷояи давлатҳо, сарфи назар аз мансубияти динӣ ва миллаташон мубориза бояд бурд.

Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, аз ҷониби баъзе хоинону ватанфурӯшони лаину бадсиришт ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, таҷлили маросими ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани афкори мухталиф аст.

Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳо меандешад.

Сарвархон МИРЗОХОҶАЕВА,
омӯзгори МТМУ №11, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh