Созмони иртиҷоии ғайриқонунӣ

Душманони нотавобин нисбати рушди босуботи кишвари маҳбубамон Тоҷикистон, ки мардуми заҳматкашу бофарҳанг, оромтабиату таҳаммулпазир дорад, бо ҳар роҳу васила бо номҳои гуногун созмону паймон ва ҳаракатҳои иртиҷоии ғайриқонунӣ таъсис дода, дасисагӯиву ғайбатҳо мекунанд.

Дар замони муосир душманон ва хоинони миллат тарзу усули тарғиботи пасипардагии худро тағйир дода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз хориҷи кишвар истода, мехоҳанд ба мафкураи шаҳрвандон ғояҳои иртиҷоиашонро бор кунанд.

Таи ҳафтаи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи худрӯиде бо номи “Ҳаракати сиёсии Тоҷикистон” пайдо шудааст, ки аз маводҳои гузошта, наворҳои видеоӣ, масъалагузориҳояш ифротӣ, ҷудоиандоз, ғайриқонунӣ буданаш ифшо мегардад.

Ҳаракати номбурда, ки худро “сиёсӣ” ва номи Тоҷикистонро истифода карда шудааст, яқин аст зодаи ТТЭ ҲНИ аст. Таъсисдиҳандагони он ғуломи кадом хоҷаи хориҷие ҳастанд, ки рушди босуботи давлати мо ва оромиву осудагии мардуми кишварро намехоҳанд.

Дар саҳифаи иҷтимоии ин “ҳаракат” маводҳои бемаънӣ, гуфторҳои бемаврид, бесаводона ва хусусияти экстремистидошта баён намуда, наворҳои видеоии тундравона гузоштаанд.

Ин бадсиратон то ҳол дарк накардаанд, ки мардуми тоҷик дар даврони истиқлолияти давлатӣ хиёнаткоронро бо чашми худ диданд, амалу ниятҳои нопоки онҳоро хуб медонанд ва ба ин аҳриманон бовариву эътимод ва эҳтиёҷ надоранд.

Шахсе, ки ба Ватани худаш Тоҷикистон содиқ асту ба пешравии ин давлат саҳмгузор мегардад, дар ҳамин ҷо истода, онро ободу зебо мегардонад на дар паси парда, зери қаноти хоҷаву амирони хориҷӣ пинҳон гашта лошахӯрӣ мекунад!

И.Ҷабборов,
омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   

Add comment


Security code
Refresh