Аз ифротиён магар бӯи умед аст?

Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат имрӯз Тоҷикистони азиз дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон мавқеи хоса пайдо намуда, ҳамчун яке аз кишварҳои амнтарин эътироф гардидааст.  Кишвари моро ҳамчун меҳмоннавоз, соҳибфарҳанг, таърихиву инсондӯст мешиносанд ва нисбати ҳар фарди бонангу номуси он эҳтиром мегузоранд.

Аммо имрӯз на дар дохили кишвар балки аз хориҷи кишвар баъзан ашхоси заифирода ва гумроҳшуда мехоҳанд ба сулҳу оромӣ ва рушди Тоҷикистон рахна зананд.

Шабакаи иҷтимоии фейсбук шаҳодат аз он дод, ки гурӯҳи минбари озоди “Бомдод”, “Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав”, “ТТЭ ҲНИ” аз ҳамон гурӯҳи одамонанд, ки то ҳол ба гуноҳҳои худ ва мақсади нопоки худ иқрор нашудаанд ва бо ҳар роҳу восита фаъолияти худро тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн сохта истодаанд.

Хулоса, ин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ягон кореро ба субут расонида наметавонанд. Аммо мо, сокинони мамлакат ҳушёрии сиёсиро бояд аз даст надиҳем, то ки ба ин гурӯҳҳо бархе, бахусус ҷавонон дониста надониста шомил нагарданд ва ҳаёти худро доғдор насозанд.

Г.Ҷӯраева,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh