ҲАРЗАГӮИИ ҲАННОТОНИ СОМОНАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ

Дар замони муосир  истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маъмул гашта, аксари истифодабарандагони онро насли наврас ва ҷавонон ташкил медиҳанд. Дастрасӣ ба интернет аз як ҷиҳат барои бохабар шудан аз маълумоти ҷаҳони муосир бошад, аз дигар тараф баъзе расонаҳои шабакаҳо барои мақсадҳои худ онро истифода мебаранд. Бинобар ин барои ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои ифротгаро ин омили муҳими паҳн кардани мақсаду ҳадафҳои нопокашон маҳсуб меёбад. 

Яке аз ҳамин гуна гурӯҳи ифротгаро дар сомонаи иҷтимоии фейсбук “Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав” маҳсуб меёбад, ки тӯли чанд рӯз инҷониб бо паҳн кардани маълумотҳои бардурӯғи ифротгароёна машғул аст.

Дар баробари дигар маълумотҳои ифротиаш бисёр нафарони ноогоҳро барои шомил шудан ба ин гурӯҳҳо даъват намуда истодааст.

Дар ҳар сурат баҳо додан ба ин гуна маълумоти бардурӯғи гурӯҳҳои ифротгарои шабакаҳои интернетӣ амали хуб нест. Ҳамзамон онҳоро ҷонибдорӣ намудан ва дастгирӣ кардан хатогии маҳз аст.

Ба халқи шарифи Тоҷикистон ва нафароне, ки ба интернет дастрасӣ доранд, ба шабакаҳои иҷтимоии интернет саҳифаи худро кушодаанд, гуфтанием, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд, ба доми ин гуна авомфиребони ифротгаро наафтанд. Зеро аз дур истода сангар партофтани ин гуна зоғони бадмур, ки душмани халқу миллат ва хоини ватан ҳастанд, осон буда, ба қадри сулҳу субот, осоиштагии мардум намерасанд. Чунин ки маълум аст, барои ин амалашон чунин гурӯҳҳои ифротӣ пули муфти ҳаромро соҳиб шуда, ба гумроҳ кардани мардуми осоишта машғул мешаванд.

С.Маҳкамов,
устоди ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh