СУХАНАШОН БЕҚАДРУ ҲАДАФАШОН НОПОК АСТ

Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар сатҳи ҷаҳон доман паҳн кардааст ва саркардаҳояш мехоҳанд, ба ин гурӯҳҳо ҷавононро шомил созад, гурӯҳҳои тундгарову ифротгар бошанд.

Таърих гувоҳ аст ва мардум медонанд, ки ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзат дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ягон саҳме надошт ва надорад. Вале бо сӯиистифода аз эътиқоди мардум то имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ талош дорад. Онҳо ҳеҷ дарк кардан намехоҳанд, ки имрӯз суханашон беқадру корашон бебарор ва роҳи нодурустро пеш гирифтаанд.

Фаъолияти тундравонаи гурӯҳи ифротӣ ҳеҷ вақт ба манфиати мардум набуда, балки барои мақсадҳои ғаразноки худашон мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳадафи ин ҳизб тафриқаандозӣ дар ҷомеа буду ҳаст. Мақсади роҳбарияти ин ҳизб бо дурӯғу найрангҳо ва фиребу дурӯягӣ мардумро гумроҳ кардан мебошад. Аммо мардуми кишвари мо ҳушёриву заковати фитрӣ, фарҳангу маърифати бои худро ба ҳадафҳои нопоки ин хоинон муқобил гузошта, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ин нохалафон фазои сулҳу суботи кишварро ноором кунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, ваҳдат вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи пешгирифтаи давлат ба пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба ҳар фарди ҷомеа нигаронида шудааст. Дар шароити имрӯзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.

Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, устувор гардондани музаффариятҳои соҳибистихтиёрӣ ва ҳимояи он вазифаи ҳар фарди худогоҳ аст. Пойдории Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, баланд бардоштани маърифати мардум, маҳорати касбӣ ва саҳмгузории ҳар шаҳрванди диёр баҳри ободонии кишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд.

Имрӯз мо, мардуми ин сарзамин зарур аст, бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва шароити мусоиду рӯзгори хуш бар, андешаи он бошем, ки чӣ гуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз падидаҳои номатлуб раҳоӣ бахшем. Ҳамеша дар қалбу зеҳн ва тафаккури худ ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстиро ҷо диҳем ва дар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати кишвари азизамон саъю талош намоем.

Мафтуна РАҲМАТИЛЛОЗОДА,

судяи Суди вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh