Ҳадафи нопок амалӣ нахоҳад шуд...

Ҷамъият албатта фарогири ҳамаи халқиятҳо, миллатҳо, инсонҳои неку бад, донову нодон ва роҳнамову гумроҳ низ мебошад, ки ҳар кас вобаста ба сатҳи тавоноӣ, маърифат ва ҷаҳонбинии худ ин ё масоилро дарк ва аз рӯи он амал менамояд.

Вобаста ба ин, шахсиятҳо ва гурӯҳу ташкилотҳоеро тариқи шабакаҳои иҷтимоии фейсбук рӯ ба рӯ шудан мумкин аст, ки худро “Паймони миллӣ”, “Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав” ва амсоли инҳо ном мебаранду худро донову ҳамадон ва ҳалли ин ё он мушкилотро осон мешуморанд. Дар ҳоле, ки худ эҳтиёҷ ба тарбияи сиёсию ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатӣ доранд. Аслан ба ин категорияҳои одамон ашхоси камсавод, гумроҳ, беандеша, фориғболу муфтхӯр ва ниҳоят, хиёнаткорону ҷинояткорон дохил мешаванд. Дар замони муосир, ин гурӯҳи одамонро бештар аъзо ва ҷонибдорони ҳадафҳояшони нопоки ташкилотҳои экстремистиву террористӣ маънидод менамоянд.

Зеро чанде қабл чашм ба шабакаи иҷтимоии фейсбук андохтам, ки дар он оид ба таъсиси гурӯҳи Ҳаракати сиёсати Тоҷикистони нав нақл мекунад...

Хулоса, метавон гуфт, ки барнома ва мухтасароти ин созмон, ки пур аз андешаҳои ҷузъу заифу бардурӯғ аст, заррае ба ҷомеа нафъ нахоҳад расонид ва танҳо рӯи саҳфаи холӣ боқӣ хоҳад монд. Чунки ин навишта ба дурнамои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ манфиате ба бор оварда наметавонад ва ҳатто ягон алоқамандие надорад.  

Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад ва бидуни танқиди беасоси онҳо низ боз пештар хоҳад рафт. Барои муваффақ шудан ба дастовардҳо ҳадафро нек ва дилро равшан бояд нигаҳ дошт.

Бобоҷони Хайриддин,
устоди ДДХ

 

Add comment


Security code
Refresh