Дасисаҳои нави хиёнаткорон

Дар ҷомеаи имрӯза баъзан кас ба ҳайрат мемонад, аз бухлу ҳасуду нодида гирифтани неъматҳои худовандӣ, ки аз ношукрии баъзе бандагони нотавонбин ва гумроҳаш дарак медиҳад. Ба чашми онҳо ҳар дастовард, муваффақият, якдигарфаҳмӣ ва сулҳу оромӣ ҳамчун хор мехалад, зеро онон душманони миллатанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз таъсиси гурӯҳи нав иттилоъ дода мешавад, онон гӯё тарафдорони худро бештар карданианд. Вале, баръакс, решаи мақсади нопоки ин гурӯҳҳо бурида хоҳад шуд зеро аз он бӯи макру фиреб меояд ва мардуми диёр онро аз дуриҳо эҳсос мекунанд.

Дар навиштаҳои худ аъзои ин гурӯҳ гӯё суханоне мегӯянд, ки ҳамаи он сафсата аст. Ин нотавонбинии ононро нишон медиҳад...

Пас, ба ҳар неъмат, ҳар қадам, обу хоки муқаддаси Ватан, ободу зебогӣ ва сулҳу ваҳдати комили он  мо мардуми кишвар шукрона мекунем. Имрӯз ҷомеаи мо фикру андешаи солимро аз ғайрисолим фарқ мекунад ва фирефтаи амалу суханҳои нафратовари бардурӯғи ифротиён нагарданд.

Гулафзо Ҷӯраева,
омӯзгори факултети забонҳои шарқи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh