Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад

Имрӯз дар аксари давлатҳои рӯи олам пешравиҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ, техникиву технологӣ ба амал омада бошанд ҳам, проблемаҳои ҷаҳонӣ рӯз ба рӯз бо шеваву роҳҳои алоҳида рӯ ба паҳншавӣ доранд, ки хусусияти ҷаҳониву байналмилалӣ доранд. Аз ин қабил муаммоҳои бисёр ташвишовари ҷаҳонӣ ин пеш аз ҳама терроризм ва экстремизм мебошад, ки хатар ба амнияти инсоният аст.

Фаромӯш набояд кард, ки кирдори ин гуна шахсони ифротгаро дар таърихи  башарият бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мешавад. Баъзе шахсони беору номус ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки ҳадафашон ноором кардани ҷомеа мебошад, пайравӣ карда, ҷаҳони имрӯзаро нобасомон мегардонанд.  Ба умеди пули хоҷагони хориҷӣ ё давлатҳои алоҳида ба кирдори террористӣ даст мезананд.  Дар ҷаҳон дини мубини  Ислом яке динҳои аз  ҳама поку беолоиш аст, росткориву ростгуфторӣ, тинҷиву амонӣ, дӯстиву вафодориро талқин мекунад, аммо чаро ТТЭ ҲНИ онро баҳри ҳадафҳои нопоки худ истифода намуда истодаанд. Асри 21-умро  асри техникаву технология меноманд, хусусан шабакаи интернет далели ин гуфтаҳо мебошад. Хуб аст, ки ҳамагон муаммои худро  бе сарфа кардани вақти зиёдатӣ тариқи интернет ба сомон мерасонад. Аммо ифротгароён, ки мақсади нопок доранд, аз ин имкониятҳо истифода намуда, ба паҳн кардани ҳар гуна хабарҳои бардурӯғу иғвобарангез  ва бесаводонаи худ  мехоҳанд фикру ақидаи аҳли ҷомеаро дигар созанд. Хусусан аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз фурсат истифода карда,  тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз кишварҳои Аврупо истода  бо ҳар гуна наворҳои ивғоангезонаи худ мехоҳанд кишвари азизи моро ноором намоянд.

Аммо  роҳи онҳо хато ва хиёнат ба Ватан аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд, чунки мардуми  Тоҷикистон чеҳраи ҳақиқии онҳоро шинохтааст. Имрӯз Истиқлолияти  кишварамон мустаҳкам гардида соҳаҳои муҳими давлатию  хусусӣ ривоҷу равнақ ёфта истодааст. Дар ҳама шаҳру вилоят ва пойтахти азизамон Душанбе сохтмонҳои азим дар авҷ аст, бунёди роҳҳо, пулҳо ва нерӯгоҳҳои азим, корхонаҳои саноатии хурду миёна  ва ғайра далели ин гуфтаҳо мебошанд. Ин ҳама барои кӣ аст? Албатта, барои мардуми тоҷик. Мухолифини кишвар ин ҳама пешравию ободониро нодида гирифта, аз паси парда ҳарфҳои бемаъниву пуч ва носазо  нисбати халқи худ мезананд. Гузашта аз ин мардум имрӯз лаззати сулҳу ваҳдат тинҷиву оромиро хубу аниқ дарк намуданд бинобар ин наҳзатиҳо наметавонанд бо фикрҳои хиёнатии худ ба мақсад бирасанд. Филми мустанади “Хиёнат”-ро бодиққат тамошо намудам, ба хулосае омадам он бадбахтиҳое, ки солҳои навадум асри гузашта  дар кишвари мо сар зада буд, халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд сабабгораш наҳзатиҳо будааст, чанд нафар  шаҳрвандоне, ки дар филм аз гузашти рӯзҳои сахти худ  нақл карданд, баёнгари матлаби боло мебошад.

Мо бояд дар ин замони пуртаззоду ҷангҳои иттилоотӣ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, бар  манфияти кишварамон хизмат кунем.  Ба  ҳар хабарҳои баҳсбарангез бовар накунем. Аз Ватан дур бошем ҳам, фикру андешаи кишвари худро кунем, ба умеди маблағҳои хоҷагони ифротгаро ояндаи худ ва давлатро дар хатар намонем, зеро Тоҷикистони азиз хонаи ҳар яки мост.                            

Бахтиёр Облоназаров,  омӯзгори МТМУ №24 ба номи
Чӯлибой Комилов деҳаи Оби зулол

Add comment


Security code
Refresh