Дили сияҳ, тинати нопок тағйирнопазир аст

Таъсиси гурӯҳи нав бо номи “Бомдод” шояд хабарест, аз тағйир додани исми “Ахборком” дар шабакаи иҷтимоии фейсбук. Зеро аввалан “Ахборком” натавонист сафи ҷонибдорону хабаркашонашро афзун созад ва иттилои бештарро ба даст орад. Чанде қабл қатъи фаъолияти худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон дошту имрӯз танҳо бо исми нави ”Бомдод” кори худро оғоз кард. Чаро?

Бомдод гузоштани исми ин гурӯҳ шояд аз оғози фаъолияти нави ин гурӯҳ бошад, аммо ба андешаи мо ин ташаббус низ то дер нахоҳад фаъол гашт ва аз ибтидо мардум аз он рӯй хоҳанд гардонид. Аллакай аз ҳаракату андешаву таблиғоти “Бомдод” баръало кас эҳсос менамояд, ки танҳо ниқоби дигар пӯшидаасту халос. Аммо хуну ҷисму ҷон ва ҳадафи ботиниаш тағйир наёфтааст. Дили сияҳдошта ҳеҷ гоҳ ботинан ва зоҳиран тағйирнаёбанда аст.

Имрӯз мо ҷомеаи худро ҳушдор созем, ки гумроҳ ва фирефтаи ин гуруҳу ҳизбҳои ғайриқонунӣ чун ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ, “Ахборком”, “Бомдод”, “Ҳаракати сиёсии Тоҷикистони нав” ва дигар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии мамнӯъ ва иғвогар нагарданд.

Мо бояд ҳамеша дар фикри ободӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон кӯшиш намоему ҳамнишини некон, бузургон, олимону донишмандон ва ҳидоятгари неки ҳар як сокини кишвари азизамон Тоҷикистон  бошем.

Рушди Тоҷикистон ва беҳтар шудани сатҳи некӯаҳволии мардум на бо сухани умумиву сангпартоӣ ба сӯи Ватани худ балки бо дилу нияти пок ва нақшаҳои амалишаванда татбиқ хоҳад гардид. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон бо меҳнати ҳалол дар кишвари худ кору фаъолият намуда, зиндагӣ менамоем.

Бобоҷони Хайриддин –
устоди ДДХ

 

Add comment


Security code
Refresh