ХОИНЕ ДАР НИҚОБИ ДИН

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, хоинони разил ва касиф ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардум аз ҳама гуна воситаҳо истифода мебаранд, то мақсадҳои нопок ва душманонаи худро амалӣ намоянд. Яке аз чунин хоини бешараф М. Садриддин мебошад, ки  мардумро ба гумроҳӣ бурда, мехоҳад иғвобарангезӣ намояд.

М. Садриддин аз қаллобоне ҳаст, ки то дирӯз мардумро фиреб дода пулҳояшонро аз худ намудааст ва имрӯз ба хотири фиреб додани ҷомеа худро донандаи дину шариат мегирад, аммо дар асл бошад, террористи виҷдонфурӯхта ва бешарафест, ки овозаю дарвозааш аз Афғонистон то ба кишварҳои арабӣ расидааст.

Ҳоло М. Садриддин бо пули хоҷагони хориҷияш мехоҳад, мардумро фиреб диҳад ва гумроҳ созад, ки ин бисёр ҳм хиёнати бузург ва нобахшиданист.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!

Устодони кафедраи математикаи олӣ ва
информатикаи Донишгохи кӯхӣ-металлургии Тоҷикистон
дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh