Хиёнат нобахшиданист!

Саркардаи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ аз  тӯҳматбофию сангпартоӣ ба сӯи хоки  аҷдодонаш хуфта гӯё хаста  намешавад. Дилаш аз фисқу фитна чунон пур аст, ки инсофу тавфиқу  бадгӯию фиреб, ҳиллаву найранг, ҳангомабозиҳоро бар зидди Ватанаш қатъ кардаву меҳри хоки поки Тоҷикистонро ба он ҷо карда наметавонад. Баъзан дилаш мехохад, ба Ватанаш баргардад. Вале, андеша дорад, ки баъд аз ин қадар амалҳои хоинона ӯро чӣ гуна қабул мекарда бошанд. Ва оё хоҷагони маблағгузораш ӯро мемонанд, ки ба Ватан баргардад? Ҳомиҳояш аз маблағҳои сарфгашта ҳисобот мепурсанду аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

 Ӯ ва пайравонашро иблиси разил ба худ ром кардаву адлу инсоф,ору номус, виҷдонашонро рабурдааст! Гар чунин намебуд, наход инсони бохирад ба сӯи хоки аҷдодиаш сангпартоӣ кунад. Кӯшад, ки нафарони соддалавҳро ба сӯи худ кашаду гумроҳ намояд?!

Ҳар фарди соҳибдил аз гуфтаҳои воқеияти зикрёфта мебояд ба худ хулоса намояду бо виҷдони худ баркашад, ки шомилшавӣ ба сафи наҳзатиён чӣ оқибате ба бор меоварад. Ба суханҳои бофтаи наҳзатиёну доми фиребашон наафтад, нафси худ аз маблағҳои ваъдакардаи ифротгароён боздораду гумроҳу сарсон, ватангадову хоин нашавад. Насли ҷавон андеша кунад, ки “ними нон – роҳати ҷон” дар сарзамини поки аҷдодӣ асту метавон бо нерӯи созанда онро дарёфт.

Аз ин лиҳоз, мебояд ҳар фарди бо нангу номус амалҳои ифротиро маҳкум намуда, гумроҳшавии ҷавононро пешгирӣ карда барои равона намудани ҳамаи нерӯҳои ақлию ҷисмонӣ баҳри ободкориву созандагии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо амри виҷдон талош намояд!

Собиров М.С.
-мудир кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети
геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Add comment


Security code
Refresh