НОТАВОНБИНОНИ ТТЭ ҲНИ

Бояд гуфт, ки   ТТЭ ҲНИ  таҳти роҳбарии хоҷагони хориҷии худ кишвари азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки натиҷаи фалокатбори онро тамоми сокинони ҷумҳурӣ ба хубӣ дар ёд доранд. Ин пешоҳангони артиши бегона барои амалӣ намудани дастуру супоришоти хоҷагони хеш аз ҳеҷ гуна иқдомҳои зиддимиллӣ ва ҳатто табаддулоти давлатӣ даст накашидаанд, ки амалиётҳои низомии собиқ афсари Вазорати дифоъи кишвар, узви фаъоли ин ҳизб Назарзода Ҳалим дар чанд соли пеш шаҳодати гуфтаҳои болост.

Боиси хурсандист, ки ин ҳизби зиддимиллӣ ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ аз тарафи Додгоҳи олии кишвар ба тариқи расмӣ эътироф ва фаъолияти он дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шуд. Кабирию пайравонаш қаламрави ҷумҳуриро тарк гуфта, феълан дар мулки бегона, дар хизмати  хоҷагони хориҷии худ қарор доранд. Ин афроди худфурухта дар чанд соли охир бо мақсади нишон додани садоқати худ ба саробонҳои хеш гоҳу ногоҳ санги маломат ба самти ватани мо мепартоянд, ки яке аз онҳо «чеҳраи шинохтаи» ин ҳизби манфур Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад. Вай тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ дар хаққи кишвари худ суханони носазо мегӯяд, тӯхмату бӯхтон мезанад. Ин афрод рушду нумӯи ватани азизи моро нодида мегиранд ва ҳар як пешрафти он ба мисли хор ба чашмашон мехалад.

Имрӯзҳо ин «шахсиятҳои шинохта»-и ҷумҳурӣ, ки дар Туркияю Эрон ва як қатор кишварҳои Ғарб паноҳанда шудаанд, кӯшиш менамоянд, ки  аъмоли ҷинояткоронаи худро зери парда  бипушонанд.

Дӯстов Д.
– устоди ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh