ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” МӮҲРАИ ХОИНОНРО ШИКАСТ!

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имсол филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”, ки иборат аз 5 қисм мебошад, манзури тамошобинон гардонида шуд ва дар ҳар як қисми он муаамоҳои то ба имрӯз барои ҷомеа ниҳон ва ҳамзамон номаълум дар бораи аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва дигар душманони миллати тоҷик ба нашр расид.

Кулли ҷомеа хуб медонад, ки имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо маблағгузории хоҷагони хориҷияшон, яъне кишвари ба мо маълум бар алайҳи ҷомеа мубориза мебаранд ва дар филми “Хиёнат” ҳамин чиз ошкор гардид, ки наҳзатиёнро аз рӯзҳои нахустин душманони миллати тоҷик сармоягузорӣ мекардаанду бар алайҳи миллати мо мубориза бурд.  Ҳамаи ин ҳақиқатҳо дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” гуфта шуданд ва ин як санади бузурге буд, ки воқеияти душманони миллатро ошкор сохт ва ба ибораи дигар агар бигӯем, мӯҳраи наҳзатиён-хоинони миллатро шикаст!

Насли ҷавон бояд, хуб дарк намояд, ки ҳамаи душманони миллати тоҷик, хоинони наҳзатӣ фиристодаи бегонагон мебошанду мақсаду маромашон ҳам нопок аст. Имрӯз бояд ба қадри ин сулҳу оромӣ ва ваҳдат расид ва фирефтаи суханони ин душманону хоинон нагардид. Зеро мақсаду мароми хоинон ин аз байн бурдани  оромиву субботи ҷомеаи мо мебошад.

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” санаде шуд, то ҳақиқати пинҳони наҳзатиёнро ифшо созад ва чашмҳоро боз намояд. Зеро то кунун аксарият аз воқеияти ТТЭ ҲНИ ва дигар хоинони миллат огоҳ набуданду душманони миллат ҳам бо ниқоб даст ба иғвобарангезиву дасисабозӣ мезаданд.

Давлатов Д.
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh