Шикасти терроризм дар муттаҳидии мост

Даврони кӯдакӣ мо дар бозии тирпарронӣ тарафи муқобилро немис мехондему худро бо лафзи «совет» ном мебурдем. Ҳоло бошад дар ҳаёти мо ду мафҳум «террорист-шаҳид» ва «камарбанди шаҳид» ворид шудаааст. Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки ин мафҳумҳо оғози худро аз куҷо мегиранд?

Оламиён бори аввал қариб 330 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гардиданд. Ин амал соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалииёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар уҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташгкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти Алқоида маҳсуб аст. Маҳз террористи худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Аз назарсанҷии маркази тадқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то соли 2002 дар ҷаҳон наздик 300 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шуданд, ки дар онҳо беш аз 300 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Агар мо ба хусусиятҳои амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст. Аз ин ҷост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Муҳайё АХМЕДОВА,
омӯзгори фанни таърих, МТМУ№15,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh