Ҷавонони фирефтаи дасисабозиҳои ТТЭ ҲНИ намешаванд

Шукронаи истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва амнияту оромии кишвар, ки дар мамлакатамон таваҷҷуҳи зиёд ба насли ҷавони кишвар дода шуда, ин насли ояндасоз мавриди дастгириву ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз давраҳои аввали мустақилият дар бунёди давлати соҳибистиқлол  нақши сазовору шоиста доранд.

Имрӯз Ҳукумати мамлакат  ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодоти ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамояд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозад.

Зеро дар ҳар давлат ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат дониста мешаванд. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои фарохамовардашуда мо, ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ, ба мисоли ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза барем.

Ҷавонони созанда даврони истиқлолият нерӯи мудофиавии кишвар ҳисобида мешаванд, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

Ҷавонони мо баҳри  ба Модар – Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Бар муқобили ҳар гуна ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷони худро сипар намуда, фаъолияти иғвогаронаи онҳоро фош месозанд. Имрӯз насли ҷавони мо хушбахтона бо илму дониш мусаллаҳ гардида, сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд ва ҳаргиз фирефтаи дасисабозиҳои ифротгароён намешаванд.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh