Терроризм ва хатарҳои он

Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба ҳастии оламу одам таъсири манфии худро расонида истодааст.

Албатта, аз таърих хуб огоҳ ҳастем ва медонем, ки экстремизм ва терроризм падидаи нав нестанд. Аз аҳди қадим то давраи нав, ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ ба воситаи тарсонидан, таҳдид намудану даҳшатафканӣ мақсадҳои нопоки худро болои дигарон бор менамуданд, ки дар натиҷа одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст медоданд. Ин раванд то рафт реша давонида, падида ва хусусиятҳои навро касб намудааст. Яъне амалҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта доираи амалиётҳо васеъ гардиданд. Дар баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави терроризм (аз ҷумла кибертерроризм) ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад. Имрузҳо хамагон хуб огоҳ хастем, ки хоинонии миллат бо тариқи шабакаҳои интернетӣ фаъолияти нопоки худро давом дода истодааст. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳалӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ, кимиёвию биологӣ тақсим намудаанд.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини ислом содир мекунанд. Яъне онҳо худро ҳамчун рӯҳонӣ нишон дода, кору амалашон танҳо ва танҳо иснод овардан мебошад. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷалаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, дар шароити муосир созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои фитнаафкану моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ, зиддиахлоқӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин зуҳуроти номатлуб бояд дастаҷамъона мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд. Имрӯзҳо доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм зиёд ҳарф мезананд, менависанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ муҳокима менамоянд. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, ғоратгарӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намоянд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамояд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ки ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳо пайравӣ менамоянд. Мақсади экстремизми муосир таъсиси давлате мебошад, ки бо барпо намудани он барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас бар тамоми ҷаҳон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.

Ҳамин тариқ, аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои зишту нанговар тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Вале як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад ба танҳоӣ кулли ҷомеаро тағйир диҳад. Барои он, ки мардуми мо, хусусан, ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд.

Хар яки мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Мо омузгорон бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем. Бетараф набошем, ки терроризм ва экстеримизм кушандаи хамаи сохаҳо ва тарраққиёт аст.

Лек бояд ин наҳзатиён донанд, ки харгиз бо он андешаи разилонае, ки дар солҳои 90- ум мардумро гумроҳ карда буданд, дигар наметавонанд, ба миллат хиёнат кунанд. Зеро имрӯз миллат дигар он тавр нест, ки аз амалҳои ТТЭ ҲНИ огоҳ набошад. Имрӯз хамма аз ин воқеиятҳо огоҳанд ва хуб медонанд, ки наҳзатиён бо фармони кӣ даҳон мекушоянд.

Алибоев Абдусалом
омӯзгори фанни забон ва адабиёт МТМУ 6
нохияи Шахристон деҳаи Чашмасор

Add comment


Security code
Refresh