Дону нодон баромадани Кабирӣ

Воқеан сомонаи «Рисолат.тҷ» ба манфиати Паймони миллӣ ва ҳамчун пойгоҳи иттилоотии интернетии мухолифини кафангадо хидмат менамояд. Ҳақ ба ҷониби хабарнигори мустақил Султонов Шодиҷон, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба инқилоби исломӣ даст зада 150 ҳазор хонаводаи тоҷикро ба ғаму андӯҳ мувоҷеҳ сохт. Бояд «Рисолат.тҷ» ба паҳлуҳои дигари «қаҳрамониҳои» ҳизби номбурда таваҷҷӯҳ намояд.

Чуноне, ки аз ақидарониҳои ба истилоҳ «сиёсатзадаҳои Амрикову Аврупо» бармеояд, онҳо дар мавриди тафсири қавонини интихоботӣ, дар бораи муборизаи сиёсӣ дар Парлумон, нақши «аслии» муҳоҷир дар фазои сиёсӣ ва интихоботӣ дону нодон суханони сатҳиву ғаразноку аз воқият дур гуфтаанд. Маълум мешавад, ки пасмондагони  мухолифини тоҷик боз аз минбари маъракаи сиёсии интихоботи парламентии Тоҷикистон сӯистифода карда, муҳоҷирони меҳнатиро ба «муборизаҳои сиёсии» ғаразноку ҳадафноки худ сафарбар кардан мехостанд. Барҳақ, бе иддаои онҳо ҳам насли ҷавони  муҳоҷири тоҷик ҳаққи иштирок дар маъаракаҳои сиёсии кишварро доранд. Гап дар сари он аст, ки душманони миллат аз камсаводию ноогоҳии муҳоҷирони ҷавон истифода бурда, онҳоро ба банди гурӯҳҳои тундраву радикалии динию мазҳабӣ афтонда, ба хидматкори созмонҳои террористию экстремистӣ табдил додан мехоҳанд. Ҳар муҳоҷире, ки ба доми онҳо афтад, чун бозича дасто ба даст мешавад. Гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва созмонҳои зиддимиллӣ муҳоҷиронро ба худ ҷазб карда, ба гирдоби моҷароҳои сиёсӣ мекашанд. Муҳоҷирони ҷавон бояд хуб бидонанд, ки доираҳои махсуси хориҷӣ бо барномаҳои вижаи мағзшӯӣ ҷавононро роҳандозӣ намуда, бо зеҳнияти онҳо бозӣ мекунанд. Доираҳои сиёсии наҳзатӣ бо истифода аз политтехнологияи махсус, яъне сафарбар кардани неруи ҷавонон роҳ пеш гирифта, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ карданиянд.

Бояд таъкид намоем, ки дар Тоҷикистон интихобот комилан озод аст ва ҳар як ҷавон ҳуқуқи иштирок ба онро дошта, номзади сазовору беҳтаринро интихоб карда метавонад.

Мо ҳаргиз ба таҳлилу хулосабарориҳои «Рисолат.тҷ» ва роҳбари ба истилоҳ Паймони миллии Тоҷикистон Кабирӣ розӣ шуда наметавонем, онҳо комилан беасос мебошанд. Тоҷикистон маҳбумамон пайваста ва зина ба зина, сол ба сол рӯ ба самти рушд қарор дорад. Бо итминон гуфта метавонем, ки мувафақиятҳои солҳои охир худ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон давлати рӯ ба ҷониби тараққиёт тамоюлдошта, мардумсолору қонунмеҳвар мебошад.

Яқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh