Хатари глобалиро пешгирӣ мебояд

Терроризм аслан падидаи хавфноку зараровар ба ҷомеа буда, мардумро ба муқобили ҳам мешӯронад. Имрӯз, яъне дар замони ҷаҳонишавӣ ташкилотҳои террористию экстремистӣ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун қувваҳои нав, махсусан ҷавононро ба сафи худ ҷалб созанд. Терроризм зуҳуроти мураккаб буда, мавқеъияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад.

Таълимоти дини Ислом сулҳпарварона, инсондӯстона, дорои андешаҳои нек ва созанда буда, асосан барои беҳтар кардани ахлоқи ҷомеа нигаронида шудааст. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ барои пиёда кардани мақсадҳои худ аз дин истифода мекунанд. Бо истифода аз ин ба мафкураи шаҳрвандон самти барояшон зарурӣ мебахшанд. Ҳанӯз миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дуроҳа ҷой доранд. Абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода менамоянд, онҳоро бо яроқу воситаҳои пулию молӣ таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат дар давлатҳои гуногун ба терроризм ҳамчун зуҳурот баҳои гуногун додаанд.

Мақсади асосии дини Ислом тарбия, эътиқод ва мардумро ба роҳи рост равона кардан аст. Аз ин рӯ, ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои ба сӯи худ кашидани мафкураи ҷавонон кӯшиш мекунанд, ки аз он истифода баранд. Хушбахтона, шаҳрвандони мо аз ҳадафҳои нопоки ин гуруҳҳо огоҳ шуда истодаанд. Яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ боиси гаравиши фарзанд ва ноогоҳона фирефта шудани ӯ мегардад. Мо бояд барои ҷавонон шароитеро муҳайё сохта, тарзе тарбия кунем, ки онҳо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа ёфта тавонанд.

Шаҳло ШАРИПОВА,
омӯзгори мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони
имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh