Берунватан оқибат бо пушаймонӣ мирад

Дар ин хусус навиштаанду боз менависем ва оянда ҳам хоҳанд навишт. Берунватан кист? Аксаран шахсеро, ки ғариби мулки бегона гаштааст, берунватан меноманд. Дар замонҳои гузашта ҳам, бинобар ягон сабабҳо, баъзе шахсиятҳо дар замини бобоӣ зиста натавониста, сари худро гирифта, ба кӯи ғарибӣ рӯ овардаанд. Аммо дар ҳеҷ маврид ба сӯи Ватан ва халқи худ забони маломату надомат ва буҳтону ғайбат накушодаанд. Ҳамеша аз Ватану дӯстони худ ёд карда, бо ҳасрат дунёро падруд гуфтаанд. Он замонҳо зиндагӣ чи ранг дошту чи ҳол дошт, таърих гувоҳ аст.

Имрӯз зиндагӣ тамоман дигар шудааст, ки онро бобоёну падарони мо ҳатто орзу ҳам карда наметавонистанд. Замоне расидааст, ки миллати тоҷик ба ормонҳои ҳазорсолаи худ дастёб гардид. Давлати мустақил, соҳибихтиёре рӯи харитаи олам бо номи Тоҷикистон маъруф шуд, ки акнун одамони қитъаи ҷаҳон аз он бохабаранд. Аз чунин давлату аз чунин миллат доштан, танҳо ифтихор бояд кард!

30-соли Истиқлолият! Ба қафо баргардем ва нигарем, ки дар ин сӣ сол мо аз куҷо ба куҷо расидем, чи қадар комёбиву муваффақиятҳо ба даст овардем, бо як гуфтану бо чанд варақро сиёҳ намудан, ҳаргиз тамом карда натавонем. Дар даҳсолаи аввал давлати ҷавони моро чи хатарҳое пеш наомад?! Мудҳиш буд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, гурезашавии мардум, бесарусомонӣ, куштору ғорат, бедавлатӣ, камчинии ғизои аввалияи ниёз, рӯ ба мулкҳои бегона овардани фарзандони барӯманд ва ғайраву ҳоказо.

Дар даҳсолаҳои минбаъда, халқи кишвар бо роҳбарии Пешвои худ ба комёбиҳое муваффақ гардид, ки онро чашмдор набудем. Дар тамоми минтақаҳо тадбирҳои ободонӣ, бунёди иншоотҳои хурду бузург, амалӣ кардани се ҳадафи миллӣ – амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баъдан ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати кишвар ба миён гузошта шуд. Даҳҳо километр роҳҳо, туннелҳо сохта, замину боғоти нав, сохтмони неругоҳи азими аср – Роғун авҷи тоза гирифт.

Аммо таассуф, ки як зумра нохалафон, чун гурӯҳи 24, Кабирию дигар аъзоёни ТТЭ ҲНИ — берунватанони фирории Тоҷикистон солҳост, ки ин ҳама пешрафтҳоро нодида мегиранд ва аз рӯи кинаву адоват нисбати давлату халқи Ватани худ танҳо забони ғаразу буҳтон кушода, зери фишори зархаридони хориҷӣ суханони беасосе, моҷароҷӯёнае, дасисахоҳе мегӯянд, ки ҳаргиз мо онро қабул надорем. Ин беватанон, ки таҳти ҳар гуна равияву ҳаракатҳои ифротӣ ҷамъ омадаанд, имрӯз аз дасташон ғайри бадкорӣ кардан ба Ватани худ, дигар амале намеояд. Онҳо бояд донанд, ин суханонашон ҳаргиз ба ҳадафе нахоҳад расид ва оқибат чун заҳр коми онҳоро талху худашонро маҳв хоҳад кард.

Рӯзе мерасад, ки ин берунватанон бо сад хориву зорӣ ва пушаймонӣ дар мулки бегонае хок мегарданд, ки ояндагон, хусусан аҳлу авлоди онҳо ҳеҷ гоҳ аз мадфанашон ҷӯё нахоҳанд шуду надонанд хокдонашон дар куҷост. Одамӣ, ҳарчанд ки бузургу муқтадир гардад ҳам, вале чун берунватан аст, аз вай оҷизтару нотавонтар касе нахоҳад буд. Чунки:

Дар миёни хору хос як гул надорад эътибор,

Беватан дар кишвари бегона гардад хору зор!

Аз ин рӯ, бовар дорам, ки мардуми бонангу ори Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба варсақихониҳои беасос ва иғвоангези хиёнатпешагони берунватан, ки тавассути расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати Ватани азизамон паҳн мекунанд, фирефта намешаванд. Бо шукрона аз ин имтиёзу шароиту имкониятҳо, танҳо рӯ ба илму донишу ҳунару кашфиётҳо меоранд, дар рушди Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.

Ато Боқӣ,
аълочии матбуот, ноҳияи Спитамен

Add comment


Security code
Refresh