Ҷавонон: чаро ба гуруҳҳои ифротӣ шомил мешаванд?

Мо имрӯз дар асри интернет ва технологияҳои навин зиндагӣ мекунем. Ҳамакнун дар баробари воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати пур намудани фазои иттилоотӣ таъсири амиқ мегузоранд.

Агар ба таҳлилҳои оморӣ назар афканем, маълум аст, ки феълан истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар миқёси ҷаҳон 4,5 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн 980 ҳазор нафарро фаро мегирад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки истифодаи оқилонаи интернет барои тамоми корбарон фарҳанг нашудааст. Мутаасифона, на ҳама истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз фарҳанги истифодаи интернет огоҳ буда, иттилои “дуруст”-ро аз “нодуруст”, “рост”-ро аз “дурӯғ” ва ё аз шубҳанок фарқ гузошта метавонанд.

Дар шароити имрӯз тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти дорои хусусияти ифротӣ ва ғояҳои терроризму экстремизм васеъ паҳн мешаванд. Хабарҳои бардурӯғ ва иттилои беасос, ки мардумро ба гумроҳӣ бурда, ба таҳлука ва тарсу ваҳм меандозад, дар ин фазо кам нестанд.

Мувофиқ ба таҳқиқотҳо давоми як рӯз 5,8 соати вақти истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ беҳуда сарф мешавад. Маълум аст, ки аксарияти истифодабарандагони интернет намояндагони насли ҷавон мебошанд.

Таҳлилҳо низ нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои маъмулии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ маҳз надонистани фарҳанги истифодаи шабакаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Аз маълумотҳои оморӣ маълум аст, ки ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди технологияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ беш аз 90%-и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Ин воқеан рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Масалан, метавон аз тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд.

Вобаста ба ин масъала нахуст як нуктаро мебояд ба инобат гирифт, ки пайдоиши гуруҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Дар ин рақобатҳо аз ҳама бештар диққат ба нуқтаи ҳассостарини эътиқоди омма, яъне бовариҳои динии он мутамарказ карда шудааст ва ин яке аз роҳҳои осонтарини тафриқа андохтан байни ҷомеа мебошад.

Имрӯзҳо аз хавфноктарин гуруҳҳои ифротӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта мебошанд, ки бо сӯистифода аз номи Ислом дар ҷомеа нуфузи муайян ба даст оварда, дар пайи фитна ангехтан миёни ҷомеа мебошанд.

Ҳамакнун аз шаҳрвандон, хоса, ҷавонон тақозо мегардад, ки:

Якум, бо эҳсоси волои ватандӯстӣ ҳимояи истиқлоли давлатиро аз вазифаҳои асосии худ дониста, дар самти ҳифзи амнияти миллӣ саҳим бошанд.

Дуюм, фарҳанги муносибат бо иттилоъ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро омӯхта, кор бо манбаъҳои муътамади ахборро аз худ намоянд;

Сеюм, ба ҳама гуна маълумот бо тафаккури интиқодӣ назар намуда, саҳеҳият ва дурустии факту арқомро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Чорум, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм фаъол бошанд.

Имрӯз ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун насли ояндасоз, қишри фардоафрӯз, нерӯи пешбаранда, қувваи созанда ва такягоҳи боэътимод мавқеи худро дар ҷомеа муайян намуда, бо ташаббусҳои тоза, ибтикороти ҷадид ва ғояҳои созанда ҷиҳати решакан намудани зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм саҳмгузор бошанд.

Танҳо дар муттаҳидӣ, эҳсоси волои ватандӯстӣ ва муҳаббат ба марзу буми кишвар мо метавонем рисолати аслии хешро дар назди Ватан ба сомон расонида, ба эътимоду дастгириҳои Пешвои муаззами миллат сазовор бошем.

Дилором МАҶИДОВА,
Мавзуна ҲАКИМОВА
дотсентони кафедраи забони англисии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh