РАҲНАМО – ҶОНИБДОРИ СУБОТИ СИЁСИИ КИШВАР!

Дар ҳама давру замон ашхосе ки воқеъбинона масъаларо таҳлил намуда, ҷиҳати пешрафти минбаъдаи ҷомеа таклифҳои асоснок манзур менамоянд, аз тарафи шахсе ва ё гурӯҳе бо ҳар шакле дар ивази ин амали некашон ҷавоби ноҷавонмардона мешунаванд.

Охирон андешаҳои Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба мухолифин исботи ин гуфтаҳо мебошад. Намояндаи ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин бо навиштаи хеш ҷавоб ба суханҳои Раҳнамо иддао дорад, ки гӯё таҳлилгарои тоҷик аз ҳокимияти имрӯзаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ мекунаду бо ин роҳ дар назди ҳокимияти имрӯза худро намоиш доданист. Лекин, мо хуб медонем ки андеша ва хулосаҳои Раҳнамо ҳам дар гузашта ва ҳам имрӯз бобати мухолифин ба он равона шудааст, ки онҳо ба масъалаҳои сиёсиву геополитикии кишвар ва мавзӯи раванди таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ аз нуқтаи назари замон воқеъбинона назар намоянд. Яъне, имрӯз баробари ҳалли мушкилотҳои мавҷудаи иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ҳифзи суботу амният ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бисёр муҳим мебошад.

Ба ҳамаи мо маълум аст, Тоҷикистон дар маркази бархӯрдҳои манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо қарор дошт ва дорад, эҳтимол буд, ки зиддияту кашмакашиҳои он рӯзҳо то ба замони имрӯз идома меёфт ва чи балоҳое ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик намоемад. Хушбахтона, аз замони соҳибистиқлолӣ наздик се даҳсола мешавад, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналхалқӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст ва соҳиби обрӯву эътибори муайян мебошад. Аммо, ҳоло ба ҷои он, ки боз ҳам мавқеи сиёсиву геополитикии кишварро мустаҳкам намуда, ба тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар машғул шавем, боз ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо ҳар баҳона мехоҳанд номи давлатро паст намуда, монеаи амалӣ гардидани барномаҳои стратегӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолии кишвар мешаванд.

Воқеан барои як кишвари демократӣ мавҷудияти оппозитсияи солиму созанда ба пешрафти давлат мусоидат менамояд. Аммо, мухолифине ки ба ҷои мусоидат намудан ба ҳаллу фасли мушкилоти мардум ба ҷустуҷӯи камбудиву хатоиҳои ҳукумату давлат мепардозад, чи гуна он ба рушди давлат мусоидат намуда метавонад?! Аз ин нуқтаи назар ҳоло масъалаи муҳим барои мардуми Тоҷикистон ва давлат таҳкими пояҳои истиқлолияту давлатдории миллӣ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва боло бурдани обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар чунин шароити ҳассоси замони муосир шикасти суботу оромии ҷомеа ва халалдор намудани раванди таҳкими пояҳои давлатдориии миллӣ на танҳо он боиси монеаи рушди кишвар, балки метавонад сабаби сар задани ҳаргуна низоъҳои сиёсӣ гардад. Замони имрӯз моро ҳушдор медиҳад, ки набояд ба ҳаргуна шиору гуфторҳо дода шавему нисбати давлати озоду мустақил ва суботу оромии кишвар бепарво бошем. Ҳоло муттаҳидӣ, ягонагиву сарҷамъии мардум ва талошҳои пайваставу меҳнату заҳмати аҳли ҷомеа ба пешравии кишвар мусоидат намуда, пояҳои давлатро боз ҳам мустаҳкам ва эътибори онро боз ҳам боло мебардорад.

Шӯҳрат САИДЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

 

Add comment


Security code
Refresh