ҲАДАФИ ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚВИЯТИ ДОНИШИ НАСЛИ НАВРАС

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз Паёмҳои пештара ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро имсол барои кишвари мо соли оддӣ нест, солест, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бемуболиға, ҳар шаҳрванди сарзамёинамон омодагӣ мебинад.

Дар Паём Пешвои муаззами миллат вазъи имрӯзаи иқтисодии ҷаҳонро дар радифи паҳншавии бемории сироятии коронавирус таҳлили амиқ намуда, таъкид намуданд, ки баҳри бе ягон муаммо, бе душворӣ паси сар намудани соли равон, ки тибқи пешгӯии мутахассисон аз ҷиҳати таъминоти ғизо вазнин арзёбӣ мешавад, бояд баҳри захира намудани маҳсулоти рӯзгор, самаранок истифода бурдан аз ҳар порчаи замини наздиҳавлигӣ кӯшиш ба харҷ диҳем. Ин ҳидоятҳои Пешвои миллат як навъ дастури раҳнамост, зеро мо, шаҳрвандони кишвар дар давраи вазнини дар кишварамон паҳн шудани бемории коронавирус тибқи нишондоди Пешвои миллат амал кардему ҳам талафоти ҷонӣ камтар шуд, ҳам дар ҳар хонадон ғизо ба таври кифоягӣ захира гардид, ки ин бурди азим барои мамлакатамон дар ин марҳалаи муташанниҷи ҷаҳонӣ буд.

Пешвои миллат бунёд гардидани роҳҳои ободи байналмилалӣ ва байнидавлатиро дар кишварамон як олими муҳими баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар соли равон, баҳри истиқболи сазовори ҷашни фирӯзу фархундаи мамлакат бояд роҳҳои дохилӣ–байни деҳаҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо обод карда шаванд.

Президенти мамлакат як нуктаро махсус таъкид доштанд, ки ба воя расидани насли сазовору ояндасоз аз бисёр ҷиҳат аз заҳмати волидон ва омӯзгор вобаста аст. Аз баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мисолҳои аниқу мушаххас оварда, таъкид карданд, ки байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем. Ғолибони озмунҳо бояд ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз рӯи хоҳишашон бе имтиҳон қабул карда шаванд.

Ҳадаф аз ин ташаббусҳоро Пешвои муаззами миллат баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забон ва таърихи бостонии тоҷикон арзёбӣ намуданд.

Паёми пурмӯҳтавои Пешвои миллат мо, омӯзгорони макотиби таҳсилоти  умумиро водор менамояд, ки баҳри мусаллаҳ гардидан бо донишҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем ва барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати шогирдони худ заҳмат кашем, то ки насли ояндасози давронро тарбия карда расонем.

Малоҳатхон ТЕМИРОВА,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти

миёнаи умумии №20,

шаҳри Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh