ЭЪТИБОР БА БОНУВОН МАСЪУЛИЯТИ МОРО АФЗУН МЕСОЗАД

Имрӯз дар Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд.

Бояд гуфт, ки шумораи занони лаёқатманду соҳибистеъдод сол аз аз сол зиёд гардида, махсусан, саҳми занҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ  хеле назаррас аст.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саҳми занон дар пешбурди иқтисодиёти кишвар андеша баён намуда, аз иҷрои рисолати занҳо ҳамчун зан-модар ва ҳамчун зан-роҳбар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд карданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб мегарданд. Дар ҳақиқат, имрӯз дар кишвар 73 фоизи кормандони соҳаи маорифро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз занҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар адои вазифа намуда, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми босазо мегузоранд. Ҳар сол Паёми Сарвари давлат дар оғози соли нав барои тамоми қишри ҷомеа як қутбнамое мегардад. Маҳз туфайли ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз занҳои вилоят самти кори худро муйаян  менамоянд.

Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021–2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар давоми солҳои гузашта ба занҳои вилоят имконият дода шуд, ки баҳри рушди соҳибкорӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ бо грантҳои Сарвари давлат ва Раиси вилоят таъмин гарданд, ки он барои рушди соҳибкорӣ хеле мусоидат намуд. Ин амал имкон дод, ки дар ҷумҳурӣ рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле хуб ба роҳ монда шавад. Имрӯз занҳо корхонаҳои хусусии худро доранду онҳо барои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ занҳои маҳаллиро ҷалб месозанд. Гумон мекунам, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занҳои вилоят дар рушди ҳама гуна соҳаҳо як такони ҷиддӣ хоҳад гардид.

Шаҳноза МАШАРИФОВА,

соҳибкор аз ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh