ТАЪМИРИ РОҲИ ХУҶАНД – КОНИБОДОМ ОҒОЗ МЕШАВАД...

–Роҳ ва роҳдорӣ чун дигар соҳоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии рушд ба ҳисоб рафта, барои пешрафту тараққиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиёти шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Бо дарназардошти ҳамаи ин омилҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нақбу пулҳо ва роҳҳои мошингардро яке аз аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат номиданд, - иброз дошт Олимҷон Очилзода - мудири шуъбаи нақлиёт, роҳ ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят.

Воқеан, чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, солҳои охир дар баробари мухталиф соҳаи роҳдориву фаъолияти нақлиёт низ бомаром такомул ёфта, дар натиҷа ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем.

“..Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии “Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ” гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50–умро ишғол намуд.

Дар ин раванд, мо бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.

Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад. Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод, қитъаҳои Қалъаихумб – Ванҷи шоҳроҳи Душанбе – Қулма, Қизилқалъа – Бохтари шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, роҳҳои мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт ва Бохтар – Данғара, Хуҷанд – Конибодом, сохтмони пулҳо аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зидди тарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон амалӣ карда мешавад”.

–Боиси тазаккур аст, ки роҳи Хуҷанд – Конибодом дар даврони Шӯравӣ сохта шуда, чандин сол инҷониб бинобар набудани маблағ таъмиру тармим нашуда буд. Хурсандиовар аст, ки дар ин раванд чанд соли охир дар қаламрави вилоят низ таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои хусусияту аҳамияти гуногундоштаи минтақаҳои вилоят идома дошта, натиҷаҳои он ба ҳама аён ва рӯҳбаландкунандаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин дастгириҳову ҳидоятҳои Президенти кишвар мо масъулини соҳаи роҳу роҳдориро боз ҳам рӯҳбаланд намуда, вазифадор месозанд, ки боз ҳам барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ободкориву созандагӣ ва бо ин мусоидат намудан барои беҳтар гардонидани шароити зисти мардум хизмат намоем,- гуфт О.Очилзода.

Боиси қайд аст, ки соли сипарӣ бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти вилоят наздик 2500 километр роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят таъмиру тармим гашт, ки ин 107 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh