Ҷилваҳои минбариву амалҳои бесарӣ

Намоиши филми мустанади “Бешарафӣ” аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ парда аз рӯи шахсияти як нафари гумроҳ, ки дар асл ҳақиқати зотии фаромӯш, ё балки қурбони кадоми дасисаву ҳадафҳои нопок намуда даст ба ҳамагуна амалҳои нангин задааст, фош намуд.

 Бо тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бешарафии яке аз чеҳраҳои марказии ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ошкор гардид, ки пайваста кораш туҳмат задан нисбати дигарон, сангандозӣ ба сӯи Ватану миллати тоҷик аст. Воқеан, таҳиягарони филм тавонистаанд, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯ, ковишҳо ва кашфи асрори зиндагонӣ ва амалҳои пасипардагии ин шахси гумроҳ чеҳра аз симои аслии ӯ бардоранд ва нишон диҳанд, ки дар асл ин воизи гӯё кист? Агарчӣ ӯ худ бо сохтакорӣ нисбати нафарони зиёде маводу матолиб пахш кардаву туҳматҳо мебофт, то бо ин роҳ бешарафиҳояшро пинҳон созад, аммо ҳақиқати зиндагониашро бори дигар ин филм дар чашми мардум кушод. Филми “Бешарафӣ” чеҳраи онеро ошкор намуд, ки худро гӯё инсони содиқ ба ормонҳои исломӣ гирифта, аз минбари шабакаҳои худ фарёд мезанад, дар асл кӣ будааст ва достони фурухташудагии ӯ аз куҷо оғоз меёбад.  Тавассути намоиши ин филми мустанад ҷомеаи кишвари мо огоҳ гардид, ки дар баробари гумроҳ кардани нафарони зиёде Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун намояндаи даст ба амалҳои номатлубе мезанад, ки на танҳо ба номи инсон, балки мусалмонӣ иснод меоваранд. Дар филм нафарони мушаххас ва дақиқу аниқ вақте аз ин амалҳои бад ва рафтори хилофи меъёрҳои ахлоқи инсонии ӯ сухан мекунанд, кас дар ҳайрат меафтанд, ки чӣ тавр чунин инсон дидаву дониста боз сухан мегӯяд.

Ҳадафи ин гурӯҳҳои бадхоҳ маълум аст ва инсоне, ки худ рафтору кирдори бад дорад, ҳеҷ гоҳ мақсади пок наметавонад дошта бошад. Имрӯз ҳамаи ободиву пешрафтҳои назарраси кишвари азизи моро нодида гирифтан ё аниқтараш аз сари бемории равонии бадманишӣ ҳамеша бад гуфтан ба ин гурӯҳ чун як дарди бедаво шудааст, чун тамоми нерӯи чашму дили покбин дар вуҷудашон ба поён расидааст. Барои чашми некбин доштан, ниятҳои хайру покро соҳиб шудан лозим аст.  Бухлу ҳасад ба дараҷае вуҷудашонро фаро гирифтааст, ки дигар барои хайру эҳсони андешаву рафтори нек дар он ҷойе намондааст.

Намоиши филми мазкур, махсусан суханони нафарони гумроҳшуда аз дасти амалҳои ӯ ва муроҷиатҳояшон чашми мардумро бори дигар барои шинохти ҳақиқати чунин инсонҳои ватанбезор ва ватанфурӯш боз  намуд, то чеҳраи аслиашро шиносанд.  Баробари ин, ба ҷомеа ва мардум, хоса ҷавонон як бори дигар ин филм ҳушдоре дод, ки ба ҳарзаву гуфторҳои туҳматолуд, бадандешиву бадгӯиҳои ин гурӯҳҳо дода нашуда,  дарки ҳақиқати ин нукта бирасанд, ки дар асл ин ватанбезорони бешараф кистанд? Онҳо бо чунин амалҳои нангинашон ҳеҷ гоҳ ҳуқуқи аз номи Ватани азизи мо  сухан карданро надоранд.

Дар ҳошияи талқин ва маърифати ғояҳои ин филм имрӯз мардуми мо, хоса ҷавононро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими ваҳдати миллӣ бикӯшанд ва барои муҳофизати арзишҳои бузурге чун Истиқлол, Ваҳдати миллӣ, оромиши Тоҷикистон ва таъмини амнияти ҷомеа талошу кӯшиш намоянд. 

Маҷмӯи ин ибтикори ватандӯстона метавонад ҷомеаро ба роҳе ҳидоят намояд, ки дигар чунин қувваҳои ғаразноку бадкор, душманони миллат ба ин рӯзу рӯзгори хушу хурсанд, фазои орому осудаи  кишвари азизи мо наметавонанд таъсир гузоранд. Ватанамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Бинобар, ин мо агар Ватанро дӯст дорем, бояд аз таҳти дил барои ободии он кӯшиш намоем.

Нуралӣ НУРЗОД,
муовини директори институти илмӣ- тадқиқотии
илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
номзади илмҳои филологӣ  

 

Add comment


Security code
Refresh