ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР!

Дар даҳсолаҳои охир зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти давлат халал ворид менамоянд зиёд шуда истодаанд. Ин тамоюл, бешак, мардуми ватандӯст, бахусус, қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад.

Махсусан, амалҳои даҳшатнок террористӣ, ки солҳои охир дар баъзе давлатҳо ба вуқӯъ пайвастанд, бори дигар то кадом сатҳ хатарнок будани ин гурӯҳҳои бадкирдорро таъкид намуданд.  Қайд кардан бамаврид аст, ки экстремисту террорист шахсест, ки барои ӯ муқаддасот, арзишҳои миллӣ, гуманизм, зебоӣ ва маданияту санъат ва хираду дониш арзише надоранд. Аъзои ин гуна гурӯҳҳои манфур аксаран дину мазҳабҳоро ба манфиатҳои пурғаразу мардумбадбинонаи худ истифода мебаранд, чун ниқоб ба рӯ мекашанд. Шиорҳои динпарастонаи онҳо аслан ғаразолудаанд, тахрибгароёнаанд.

Дар тӯли соли 2017 қариб 10 ҳазор нафар аз мардум, ки ба гуруҳҳои экстремистӣ-террористии «ДИИШ» ва «Толибон» шомил шуда буданд, ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар натиҷаи амалҳои террористӣ пеш аз ҳама мардуми бегуноҳи ғайринизомӣ қурбон шудаанд.

Тоҷикистонро месазад, ки нисбат ба терроризм рӯҳияи оштинопазир дошта бошад ва ҷавонони мо бояд ба фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ хотима бахшанд, аз арзишҳои миллӣ ва маънавии худ истифода баранд.  Нагузорем, ки ғояҳои инсонбадбинии террористон дар ҷомеаи мо реша давонанд. Баҳри баланд бардоштани номи кишвари азизамон - Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, барои расидан ба ормонҳои олии миллат тамоми саъю талоши хешро равона хоҳем сохт.

Фирӯза КЕЛДИЁРОВА,
устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh