Хиёнаткорӣ оини мардон нест
- Details
- Published on Thursday, 11 July 2024 10:19
Дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон қисми ҳафтуми силсилафилми «Хиёнат» таҳти унвони «Бешарафӣ» пахш гардид, ки тавассути он боз як чеҳраи манфури ғайриинсонии хиёнаткори ватану миллат Муҳаммадиқбоили Садриддин ошкор карда шуд.
Тавре маълум гардид, ӯ дар оилаи Садриддинов Қаландар ба дунё омадааст. Падари ӯ яке аз аъзоёни ҲНИ собиқ буда, дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мутасаддии тақсимоти молу ёрии башардӯстона ба гурезагон будааст ва он ҳаққи мардуми азияткашидаро ба коми худ ва фарзандонаш истифода мебурдааст. Маълум мешавад, ки дар ин гуна оилаи аз нони ҳаром ба воя расидаистода ӯ тарбият ёфта, ҳамеша «хиёнат»-ро нисбат ба халқу атрофиёнаш раво медонист.
Муҳаммадиқболи Садриддин, ки ба амалҳои номатлуб даст мезад, чеҳраи манфури ӯ ошкор гардид. Бо мақсади миёни ҷамъият шарманда ва радди маърака нагардидан, бо аҳли оилааш ба Ҳироти Афғонистон фирорӣ шуда, акнун сарсону саргардон асту дар кишвари бегона ба хоҷагони хориҷиаш хизмат карданро авлотар медонад.
Имрӯз ӯ бо навиштаву сабти видеоияш миёни мардум бегуноҳ шиносониданист. Вале аз он амалҳои разилонаи худ оё ноогоҳ аст, ки лоф мезад.
Филми “Хиёнат” метавон гуфт, ки яке аз силсилафилми ҳуҷҷатии махсус буда, кирдору рафтори хиёнаткорони ватану миллатро ошкор намуд. Ба ин амалҳо ва ноҷавонмардиҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мисол шуда метавонад.
Ба насли ҷавон ва хоса онҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ даст доранд, муроҷиат карда, гуфтанием, ки ҳеҷ гоҳ ба гуфтор ва овозаҳои ин қабил шахсон бовар накунанд ва ба доми ин гуна шахсон гирифтор нашаванд.
Саидқул МАҲКАМОВ,
муаллими калони кафедраи
умумидонишгоҳии таърихи халқи
тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров