Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Ашт

10 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сокинони ноҳияи Ашт мулоқот намуд.

Дар мулоқот Раиси вилоят нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушди тамоми соҳаҳо таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба маротиб беҳтар гардид.

-Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шароити ноустувори иқтисодию иҷтимоии ҷаҳон, ки бар асари хуруҷи бемории ҳамагири пандемияи COVID-19 ба миён омадааст, ироа гардид. Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ба дараҷае паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, кишварҳои олам ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рў ба рў омаданд.

Чуноне ки дар Паём Ҷаноби Олӣ таъкид доштанд, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.

Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра ба ҳаҷми 9,7 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ба ҳаҷми 8,8 фоиз маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ҳаҷми 0,8 фоиз таъмин шудани гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисодии кишварро ба вуҷуд оварданд.

Хусусан, истеҳсоли озуқаворӣ нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфта, ба беҳтар таъмин шудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд,-иброз дошт Раиси вилоят.

Зикр гардид, ки дар соли 2020 барзиёд таъмин шудани аксар нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии вилоят аз татбиқи босамари сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат дар вилоят дарак медиҳад. Аз ҷумла, дар соли сипарӣ ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят ба 21,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз баробар шуд.

Дар соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 15 миллиарду 401,5 миллион сомонӣ расонида шуд ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.

Кишоварзони вилоят бошанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 10 миллиарду 821,0 миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи соли 2019 мебошад.

-Дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, бахусус дар самти соҳаи кишоварзӣ саҳми ноҳияи Ашт назаррас буда, дар соли сипарӣ дар ноҳия рушди босуръати ин соҳа таъмин гардидааст,-илова намуд Раиси вилоят.

Гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат баробари таҳлили соҳа масъулон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳал намоянд.

Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки баҳри таъмини рушди соҳаҳои саноат ба масъалаи таъсиси корхонаҳои истеҳсолии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавот, пахта, пашм ва пӯсти чорво ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои кори муносиб таваҷҷўҳ зоҳир карда, ҷиҳати таъмини ҳадафи чоруми миллӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо назардошти он, ки таъмини рушди соҳаҳои саноати ноҳия аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад, аз масъулини соҳа пурзӯр намудани назоратро нисбат ба фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавию кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ тақозо менамояд.

Вобаста ба ин, роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаро, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама, заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан, дар соли 2021 таъмин намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар охири мулоқот изҳори боварӣ намуд, ки фаъолони ноҳияи Ашт барои иҷрои нишондодҳои Паёми Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh