Бомдод.ком - сомонаи дасисакорон

Ҳама гуна баҳсу мунозира дар сари нуктаҳои ҳассос дар шароити ҳозира то чӣ ҳадде метавонад ба раванди бебозгашти сулҳу субот дар кишвар, андешаи солими кишвардорӣ ва фикри томравои миллӣ ва миллатсозӣ осебе мерасонад.

Аввалан, мо алҳол бояд ба кашида шудани мардум ба моҷарои сиёсӣ роҳ надиҳем. Тоҷикистон дар зарфи чанд соли ҷанги шањрвандӣ бо мушкилоти азим ва талафоти зиёди рўҳиву равонӣ рў ба рў шуд. Дубора чӣ манфиат ва оқибат дорад, ки раванди зисти солим дар кишвар осеб пазирад, зисти бомароми худро, ки солҳо ба сад хуни ҷигар ба роҳ мондааст, гум кунад.

Саҳифаҳои сомонаи bomdod.com ягон матлаб барои пешрафти зиндагии шоистаи мардуми тоҷик нашр накардааст. Аз ин бармеояд, ки тамоми нигоштаҳояш ғаразнок буда, ҳамеша мардуми оддиро бо дасисабозиҳояшон роњгум заданї мешаванд. Посух ва раддия ба филми “Хиёнат” нигоштаҳои болоро тасдиқ менамояд.

Мо, ҷавонон ҳамеша дар сари чунин андеша қарор дорем, ки имрўз ва минбаъд низ ҳаллу фасли масъала дар заминаи «муколама, гуфтугў, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар» сурат бигирад ва танҳо фарҳанги баландпоя «роҳи ҳалли масоил байни кишрҳо, гурўҳҳо, андешаҳо  дар кишвар» шинохта шавад.

Шаҳрзод Баҳорӣ

Add comment


Security code
Refresh