Кабирӣ ва ақидаҳои ҷангталабонаи ӯ

Ҷангу низоъҳо бадтарин чизест, ки инсоният дар тўли мавҷудияти худ бинобар сабабҳои гуногун истифода кардааст.  Гарчанде, ки сабабҳо, ҷойи баргузорӣ, иштрокчиёни ҷангу низоъҳо гуногун бошад ҳам, оқибатҳои он вобаста ба давомнокӣ, дарозмуддат, кутоҳмуддат ва  вобаста ба сатҳаш байналхалқӣ, минтақавӣ, миёни ду давлат ва дохилидавлатӣ қариб, ки якхела аст.

Коршиносони соҳаи низоъшиносӣ яке аз хатарноктарин ва таҳдидовартарини онро барои давлат ҷангу низоъи дохилидавлатӣ меҳисобанд. Зеро ҷанг миёни ду давлат метавонад, ки миллатро муттаҳид созад,  то ки аз болои душмани худ ғалаба ба даст оранд. Вале ҷанги дохилидавлатӣ ё ҷанги шаҳрвандӣ бошад, миллатро аз рўи мансубияташ ва маҳали ҷойгиршавӣ, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ҷудо намуда, метавонад онро пароканда ё ба нестї оварда расонад. Дар баробари ин оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ тўлонитар аз дигар намудҳои ҷанг ба ҳисоб меравад. Зеро аҳолии як давлатро, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд, хеле душвор аст, ки онҳоро дубора ба ваҳдат оваранд. Барои ба ваҳдат расидан чунин давлатҳоро лозим аст, ки мардум ин вазъиятро зудтар дарк намуда, худи онҳо аз давом додани ҷанги шаҳрвандӣ даст кашида, ҳамдигарро бубахшанд. Минбаъд барои такрор нашудани ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. Насли ояндаро ҳушдор созанд, то ки ин ҳодиса дубора дар давлат сар назанад.

Кишвари мо низ аз сари худ як маротиба ин ҷанги мудҳиштаринро гузаронида бо хиради азалии худ тавонистанд, ки пеши роҳи онро ҳар чи зудтар гиранд ва давлату миллатро аз парокандашавӣ ва нестӣ эмин доранд. Вале мутассифона имрўз низ ёфт мешаванд шахсоне, ки аз ин ҳодисаҳои рўйдода ибрат нагирифтаанд. Гарчанде, ки худи онҳо ва наздиконашон чи рўзҳои мудҳишро аз сар гузарониданд. Онҳо ҷои он ки мардумро ба ваҳдату якдилӣ, муттаҳидию бародарӣ, ҳифзи якпорчагии меҳан даъват намудан аз хориҷа, аз кишварњои бегона истода,  мардумро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданиянд.

Аз ҷумлаи онҳо Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони ў ба ҳисоб мераванд, ки дидаю дониста корҳоеро бо дастгирии хоҷагони берунаи худ анҷом дода истодаанд, ки ба нафъи мардум нест. Онҳо манфиатҳои худашонро аз манфиатҳои давлату миллат болотар мегузоранд. Барои онҳо ҳодисаҳои  солҳои 90-ум рухдодаи кишвар дарси ибрат нашудаанд, зеро худи онҳо ва наздиконашон дар ин ҷангу низоъҳо иштирок карданї нестанд. Онҳо наздикони худро аллакай ба хориҷи кишвар бурда, ба ҷою макон таъмин намудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки барои амалӣ намудани нақшаҳои ғаразноки худ фарзандони дигаронро истифода баранд. Барои онҳо муҳим нест, ки чи қадар ҷавонон, модарону падарон, хоҳарону бародарони мо ҷони худро аз даст доданашон мумкин аст. Зеро онҳо як маротиба ин амали разилонаи худро алакай ба кор бурданд, ки дар натиҷа чиқадар одамон ҷони худро ё наздиконашонро аз даст доданд. Вале онҳо ба мақсад нарасиданд ва имрўзҳо аз хориҷи кишвар истода, барои амалї намудани нақшаҳои худ кўшиш доранд.

Онҳо бо ҳар роҳу восита шаҳрвандони кишварро гумроҳ намуда ба доми худ афтониданиянд, токи дар амалӣ намудани нақшаҳои худ аз онҳо истифода кунанд.  Асос он ки дар ин бозиҳои худ онҳо фарзандони худро не балки  фарзандони дигаронро истифода карданиянд. Фарзандони худро ба давлатҳои тинҷу амн бурда ҷо ба ҷо кардаанд. Инчунин худашон низ дар чунин кишварҳо панаҳ бурда, мехоҳанд, ки фарзандону наздикони моро миёни худ ҷанг андозанд ва бо ҳамин васила давлату хукуматро гиранд.

Имрўз бояд ҳар як шаҳрванди кишвар ва хусусан ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, нагузоранд, ки бозичаи дасти дигарон бошанд, нагузоранд, ки дигарон бо ҳаёти онҳо ва наздиконашон бози карда, дар нақшаҳою амалҳои нохалафи худ онҳоро истифода ва қурбон кунанд.

 Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh