БАДКЕШОН БА ҲАДАФ НАХОҲАНД РАСИД!

Наздик сӣ сол аст, ки дар фазои соҳибистиқлолии кишвар зиндагии шоду хуррамӣ дорем. Хосатан, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳоти иҷтимоӣ – маорифу тандурустӣ ва фарҳанг рушд ёфта истодааст. Имрӯз наметавон муассисаи таълимии фарсуда, синфхонаҳои тираву торро дид. Алҳол муассисаҳои таълимӣ бо асбобу айёнияту таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудаву талабот якест: беҳтар кор кардан, боз ҳам бештар аз бар намудани ҳар як фан аз ҷониби толибилмон.

Мутаассифона, дар замони муосир баъзе аз табақаҳои манфиатҷӯй бо мақсади расидан ба ҳадафи нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита ният доранд мардумро бо амалҳои ношоиставу ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ ба либосҳои барои миллати мо бегона роҳнамо созанд. Чунин нафарон дар асл аз арконҳои дини мубини Ислом фарсахҳо дуранд, худро гоҳ муллову гоҳ хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд.

Аъзои ТТЭ ҲНИ бо ҳамин нияту мақсад доимо қадам мебардоранд. Аммо намедонанд, ки мардуми мо аз он гумроҳиҳо алҳол хеле дуранд ва дигар ба доми чунин кӯрдилон мутеъ нахоҳанд шуд. Зеро имрӯз ҳадафи мо якест – расидан ба хадафҳое, ки дар назди худ гузоштаем: ба пуррагӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Аз ибтидои фаъолият барои ТТЭ ҲНИ даъват ба Ислом, талқини моҳияти ғаразнок ва манфиатовар ба нафъи худ воситае буд, ки ин ашхоси манфиатҷӯ бар хилофи талаботи дин ва ҷомеа аз ҷониби намояндагон ва ё аъзои ин ҳизб, дар асоси нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагонашон ба амал мебароварданд.

Мо фараҳмандем, ки дар замони тинҷу ором зиндагӣ дорем ва кишвари офтобии мо боз ҳам зебову самти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат рушд ёфта, мардум аз як гиребон сар бароварда, баҳри осоиши ҷумҳур камари ҳиммат бастаанд. Хосатан ҷавонони мо, ки ояндаи миллатанд, бо равшанзамирии худ, бо ақидаҳои фараҳмандонаи хеш ҳамқадами ҷомеа гаштаанд.

А.МАМАДҶОНОВА,
шаҳри Гулистон

Add comment


Security code
Refresh