“БЕШАРАФӢ” ҲУШДОР МЕДИҲАД АЗ ПОДОШИ ҚОНУНИ ТАБИАТ

 

 

 

Шояд инсонҳо намедонанд, ки ҳар як лаҳзаву ҳар як аъмоли онҳо дар хотираҳои рӯзгор мемонанд ва баъзан ин аъмол ва ё саргузашт метавонад ба зиндагӣ низ таъсир бирасонад. Ҳарчанд аксарият ба ин таваҷҷуҳ надоранд, аммо ҳақиқат чизе ҳаст, ки метавонад бисёр чизҳоро ошкор намояд. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” низ ҳамин чизро бозгӯ мекунад, ки инсон набояд гузаштаи худро фаромӯш созад ва ҳамчунин набояд, ки  ба дигарон зарар расонад, зеро он зарару зиён ҳатман бармегардад.

Филми мазкур бештар мехоҳад ба ҷомеа панд бидиҳад, ки воқеан ҳам ҳеҷ аъмоли зишт дар дар ҷомеа беподош нахоҳад монд. Муллоқаландар падари М. Садриддин низ бар ҷомеа зиён мекарду бо ҳамроҳии дигар наҳзатиёни хоин дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро ташкил карданду ба хориҷ фирор намуданд, аммо подошро дар хориҷ ҳам гирифт. Яъне тинати фарзандаш М. Садриддинро мардуми кишвари ҳамсоя вайрон  карданд, ки бадтарин подош ва сахттарин рӯз барои  мард ва барои  падар мебошад.

Аз ҳамин лиҳоз ҳар як инсонро зарур аст, ки пеш аз анҷом додани кори нодуруст нисбати ҷомеа як бор биандешад , чунки ҳар як аъмоли зишт подоши зишт низ ба думбол дорад.

Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” ҳамин хел барои бинанда аъмоли як нафар хоин ва хоинзодаро бозгӯ намуд, ки дирӯз кӣ буду имрӯз барои чӣ ба ҷомеа худро дигар кас муаррифӣ намуда, дасисабозӣ мекунад? Маълум аст, ки дигар дар М. Садриддини хоину террористи наҳзатӣ на шараф мондаасту на виҷдони пок.

Филми мазкур фақат ҳушдор аст ба ҳар як нафар, ки қонуни табиат ҳеҷ як амали нораворо нисбати ҷомеа хуш намебинад ва ҳатман подоши баде ба думбол хоҳад дошт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh