ИФРОТГАРОЁН БА ҲАДАФ НАХОҲАНД РАСИД

“Isloh.net” аз зумраи сомонаҳои тарафдор ва тарғибгари ақидаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи масъули сомона Муҳаммадиқболи Садриддин дарҷ мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардумро вайрон созанд. Лекин ҳеҷ гоҳ ин тоифа ба мақсад нахоњанд расид.

Мо, устодони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ҷонибдори сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Тоҷикистон мебошем. Мехоҳем, ки дар Тоҷикистон, кишвари азизамон доимо сулҳу ваҳдат бошад. Барои пешрафти илми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони ҷавону эҷодкор фазои софу эҷодкорӣ бошад. Вале, намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор менамоянд. Суханрониҳои онҳо, ки дар кишварҳои Аврупо пањн мекунанд, ягон асосе надорад.

Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро  ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Бинобар ҳамин, мо кўшиш менамоем, ки донишҷўён ва мутахассисони ояндаро дар руҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигар ва ба ҷо овардани корҳои неку хайр омода намоем .

Аҳли устодони кафедраи
фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh