ШИКАСТИ ҚАЛЪАИ ДУРӮҒИ ТТЭ ҲНИ

Дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон конфронси минтақавии мубориза алайҳи терроризм баргузор гардид, ки дар он вазъи ҷаҳон ва Осиёи Марказӣ ва хатарҳои замони муосир ба мисли фаъолиятҳои ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ва роҳҳои мубориза бо он барассӣ гардид. Пас аз  интиҳои конфронс  Аҳмадзиё Сироҷ  роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон сухан гуфта, Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзатро дар баробари Ҳаракати исломии Ӯзбакистон (ҲИӮ), “Ансоруллоҳ” ва ҳаракати исломии Туркистони шаркӣ (ҲИТШ) ном бурда, онро ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ маънидод ва барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин хатарзо арзёбӣ кард.

Албатта ин суханони Аҳмадзиё Сироҷ замоне садод доданд, ки аъзоёни фирории ТТЭ ҲНИ ин воқеиятро пинҳон медоштанду мехостанд ба таври пинҳонӣ ва асроромез ба кишварҳои минтақа амадиётҳои ҷангӣ гузаронанд.

Ҳоло, ки ин сирии наҳзатиёни хоин фош шуд, акнун аъзоёнии фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳоло дар Аврупо талош мекунанд, то ин ҳақиқатро рад кунанд. Вале акнун дер шудаасту ҷаҳон огоҳии бештар аз ҳамкориҳо ва равобити ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористии ҷаҳонро медонад.

Имрӯз, Афғонистон, ки аз ҳама чиз огоҳ аст, расман ин фактро ба ҷомеа гуфт ва ҳатман фардо дигар кишварҳо низ аз фаъолияти террористии наҳзатиёни хоин ва ҷангиёни террористаш хоҳад гуфт, ки дигар шармандагии наҳзатиёни террористро ҷаҳон хоҳад дид.

 Дурӯғи Кабирии террорист ва роҳбари ТТЭ ҲНИ ин дафъа миён шикаст.

Ҳоло ҳар дурӯғе, ки наҳзатиён дар Аврупо мегӯянд, дигар фоида надорад, чунки аллакай ҳақиқат ошкор гардидаасту ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври ошкоро аз фаъолияти тахрибкорона ва террористии ТТЭ ҲНИ хуб огоҳӣ пайдо намуд.

Дурӯғ ҳамеша умри кӯтоҳ дорад ва мо дидем, ки чӣ тавр имрӯз наҳзатиёни террорист шарманда шуданд.

Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh