ОБОДКОРИҲО БА ОСОНӢ БА ДАСТ НАОМАДААНД...

Аз таърихи ҷаҳон бармеояд, ки инсоният дар марҳалаи гуногун ва алҳол низ ба раванду ҳодисаҳои зиёд рӯ ба рӯ гардидааст. Дар замони муосир ҷараёни экстремизм ва терроризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктаранд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

Соли ҷорӣ ба соҳибистиқлолии кишвари азизамон 30 сол пур мешавад, ки дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Мутаассифона, нохалафоне ҳастанд, ки мехоҳанд фазои ороми кишварро бо роҳи тафриқаангезӣ халалдор созанд. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотири мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Мусаллам аст, ки он амалҳои нангини террористони наҳзатӣ, аз ҷумла, аз тарафи онҳо паҳн кардани ақидаҳои мазҳаби бегона дар байни аҳолӣ, ки бо сӯиистифода аз бовару эътиқоди динии мардум анҷом дода мешуданд, дар асл бар зарари арзишҳои динӣ буданд. Зеро муллоҳои мутаассибу ифротии ҲНИ зери шиорҳои динӣ баромад карда, вале мақсадҳои ғаразноку хоҳишҳои палидонаи худро ҳамчун аҳкому фармудаи динӣ ба мардум талқин мекарданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ роҳбарияти ТТЭ ҲНИ бештар ҷавононро мағзшӯӣ карда, онҳоро бар зидди манфиатҳои миллату меҳан бархезонид. Аз ин рӯ, тамоми насли калони кишварро зарур аст, ки кулли наврасону ҷавонони дар ин синну сол қарордоштаро ҳамеша ба омӯзиши илму дониш, забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва ҷаҳонбинии илмӣ раҳнамун намоянд. Дар чунин вазъияти хатарбор ҳар як шахси соҳибмаърифати сокини Тоҷикистон, устодони донишгоҳҳову муассисаҳои таълимиро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза мебошад. Ҳар яке аз мо бояд ба дастовардҳои Истиқлолияти Тоҷикистон, ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, кишварамонро бо тамоми вуҷудамон дӯст дорем, бо аҳли ҷомеаи кишвар ва сохторҳои гуногуни он якҷоя амал намоем. Зеро ҳамаи ин ободкориҳо, созандагиҳо бароямон бо мушкилӣ ба даст омадааст.

Таҳмина КАРИМОВА,
омӯзгори МТМУ № 14,
шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh