Иттилооти сохтаву бофтаи Салимпур дар «Бомдод.ком»

Муддате чанд аст, ки тавассути сомонаҳои интернетӣ хабарнигори фирорӣ Мирзои Салимпур  бо суханҳои дурӯғу бемантиқ байни мардуми шарифи тоҷик даст ба фитнаангезӣ зада истодааст.

Аслан то андозае, ки ба ҳама маълум аст, ба сифати хабарнигор шахсиятеро бояд шиноохт, ки  пеш аз ҳама донишманд, дурандеш бошад. Афсӯс, ки имрӯз ин беватанҳо аз мулки бегона истода даъвои ватандорӣ менамоянд. Мутобиқ ба маълумотҳои дастрасгардида, Мирзои Салимпур айни ҳол дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехияи Аврупо қарор дорад, вай зодаи ноҳияи овозадори Ҳисор буда, он ҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад.

Муддате дар баъзе нашрияҳо ба мисоли “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Адолат”, “Чароғи рӯз” кору фаъолият бурдааст. Магар қадри оби софу беғубор ва нону намаки Тоҷикистонро намедонад, ки имрӯзҳо аз берун бо ҳар роҳу восита беномусона ҳарфҳои бетаҳаммул мезанад. Ӯ аз дастпарварони ТТЭ ҲНИ аст.

Ба ин фард гуфтанием, ки дар шароити ҳозир бо роҳи мусолиҳатомез, ақли солим, салоҳиятмандона метавон калиди роҳи ҳаллу фасли масъаларо бояд ёбем, на бо роҳи ба мардум тарғиб кардани ватанбадбинӣ, ки ин роҳ ба манфиати миллату кишвару якпорчагии Тоҷикистон не, балки бар зарари он хоҳад буд.

Умед бар он дорем, рӯзе мерасад, ки ин шахс аз амалҳои содиркардааш пушаймон мегардад, лекин ин нафрату кинаи ӯро нисбат ба ватани худаш бахшидани мардуми кишвар багумон  аст.

М.Акмалова,
д.и.с., деканифакултети сиёсатшиносӣ ва
муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh