Бори каҷ ба манзил намерасад

Олимону муҳаққиқон навъҳои мухталифи терроризмро муайян карда, ба хулосае расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризм ва экстремизми динӣ ҷаҳони имрӯзаро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар коршиносон, экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва айни ҳол он дар аксари кишварҳои олам ба назар мерасад.

Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои навадуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ барои нооромсозии вазъияти сиёсию ҷамъиятӣ истифода намудааст. Чунин фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти мазкур, ки бо дастуру пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ татбиқ мегардид, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон гардид. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотираи мардум зудуда гардидааст.

Имрузҳо дар сомонаҳои иҷтимои паҳн гардидани маълумотҳои дурӯғу пуч то рафт зиёд шуда истодааст, ки ин ҳам бошад. 

Воқеан ҳам имруз мардуми шарифи Тоҷикистон бо ин бешарафон, ки худро бегуноҳ ҳисобида, мегӯянд, ки гуноҳ надоранд гуфтанист, ки аз ҳадафҳои нопоки онон огоҳанд. Имруз ҳар яки мо, сокинони кишвар - хуб медонем, ки ТТЭ ҲНИ чи гуна ташкилот ҳасту тарафдорони онҳо чӣ амалҳоеро анҷом медиҳанд.

Магар таърихи солҳои 90-умро фаромуш кардед, ки бародар бо бародар, падар бо писар зидди якдигар силоҳ бардоштанд. Миллати нав ба истиқлол расидаро ба ҷанг кашидаву ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳ вафот кардаву кудакони бегуноҳ ятим монданд, ки ин ҳама амалҳои ТТЭ ҲНИ аст.  Боз имруз даъвои ватанпарастӣ мекунанд. Миллати мо нафареро, ки Ватан, миллат, давлаташро барои ҳадафҳои нопок фурухтааст, ҳеҷ гоҳ намебахшад  ва барои анҷом додани мақсади разилонаашон роҳ намедиҳад.  Мегуянд,   бори каҷ ба манзил намерасад. Имруз миллати тоҷик сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонад. Некро аз бад фарқ мекунад. Ҳамчунин ҷавонони даврони истиқлол низ аз ин амалҳои разилона нафрат доранду миллати худро бо ҷону тан ҳимоя менамоянд ва намегузоранд, ки нафаре ба сулҳу суботи кишвар халал ворид созад.

Шамил Назарзода,

 устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh