ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуд. Дастовардҳои имрӯзаи даврони соҳибистиқлолӣ насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин тасмими арзишманд кишварамонро ба рушди босуботу амнияти комил ва касб намудани обрӯву эътибори арзанда дар арсаи байналмилалӣ ноил гардонд, ки бе муҳобот, дар ниҳоди насли ҷавон нерӯву тавоноӣ ва умед мебахшад.

Мутаассифона, имрӯзҳо бархе хоинони миллат аз кишварҳои бегона истода, ҷавонони ноогоҳи моро ба гумроҳи кашидан мехоҳанд . Бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша ин ҷавонон барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ ба хориҷ рафта, дигаронро низ мехоҳанд ба ин роҳи бад раҳнамоӣ намоянд. Чунин кирдорҳои ҷиноятпеша муқобили манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо характери умумимиллӣ пайдо кардааст.

Қобили зикр аст, ки раванди ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Яке аз чунин гурӯҳҳо «Давлати исломӣ» аст. ТТЭ ҲНИ низ аз чумлаи чунин гурӯҳҳост, ки имрӯз дар хориҷи кишвар ҳамчун лӯхтакҳои хоҷагони хориҷӣ амал карда, мехоҳанд сулҳу суботи кишвари моро ноором созанд ва мафкураи ҷавононро вайрон кунанд.

Ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки пуштибонӣ аз чунин афрод хатои бузург ва хиёнат ба давлату миллат буда, баракс, мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар фарди бонангу номус мебошад.

Боир ЗОИРЗОДА,
судяи Суди вилоят

Add comment


Security code
Refresh